расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК СОҲИБКОР АЗ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ҚАРИБ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ АНДОЗРО НАСУПОРИДАААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЯК СОҲИБКОР АЗ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ҚАРИБ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ АНДОЗРО НАСУПОРИДАААСТ

НАСУПОРИДАААСТ
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 6 марти соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ ба маблағи қариб 3 миллион сомонӣ хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, "Гадойбоев Ф.Б. дар давраи фаъолияташ дар вазифаи директори ҶДММ «Устувор-2017»-и ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои андоз, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани декларатсияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз ҷамъ ба маблағи 2 миллиону 212 ҳазору 322 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 2 миллиону 846 ҳазору 643 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намуд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари моддӣ ба миқдори калон расонид”, - гуфта мешавад дар иттилоияи Агентии мубориза бо коррупсия.
Худи Гадойбоев ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентӣ гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гадойбоев Ф.Б. бо дастрасии моддаи 292, қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми саркашӣ аз пардохти андозҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ (яъне корхонаву ширкатҳо) ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба Гадойбоев б ҳамчун ҷазо  ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 65 ҳазору 664 сомонӣ то 105 ҳазору 120 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол таҳдид мекунад.
Бар асоси эзоҳи зери ин банди қонун, нафар ё нафарони ба ҷавобгарӣ кашонидашуда агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ андозҳои носупурдаашонро бо ҳамаи ҷаримаҳояш пурра пардохт кунанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Ҳатто баъди судури ҳукми додгоҳ, агар ҷавобгар қарзи худро аз андоз пурра соф кунад, аз адои ҷазо озод карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.