расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАНЪИ ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!

Асосӣ / Ҷомеа

МАНЪИ ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!

МАНЪИ  ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!
Бо тасмими раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз оғози соли нави таҳсил, яъне аз сентябри соли 2024 аз ҷониби донишҷӯён истифодаи телефонҳои сенсории смартфон дар раванди таълим ва ҳудуди донишгоҳ қатъиян манъ карда мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар синфхонаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунӣ ва донишандӯзии донишҷӯён халал ворид намуда, сифати дарсҳо ва машғулиятҳои таълимию тарбиявии омӯзгоронро коста мегардонад. Дар баробари ин, тамошои мунтазами наворҳои видеоии сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ, ки хусусияти ифротгароёна, террористиву экстремистӣ ва ғайриахлоқиву дур аз фарҳангӣ миллӣ  доранд, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.   
  Новобаста аз он ки истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим дар асоси як  қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», манъ карда шудааст, вақтҳои охир назорати иҷрои муқаррароти мазкур ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашуда буд.
Аз ин рӯ, тасмими раёсати донишгоҳ дар мавриди манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилии сенсории смартфон дар раванди таълим ва дар ҳудуди донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён  амали саривақтӣ буда, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса мусоидат менамояд.
Ҳамзамон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз волидайни донишҷӯён даъват ба амал меоварад, ки бидуни телефонҳои мобилии сенсорӣ ба дарс ҳозир шудани фарзандони худро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дар ин замина, раёсати донишгоҳ омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки вобаста ба ҳолатҳои манфӣ ва зараровари истифодаи бемавриди телефонҳои сенсорӣ андешаҳои худро дар шакли мақола пешниҳод намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.