расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ АЪЗОИ ДАСТАИ ҶАМШЕДИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ ҒОРАТИ ҲАМҶИНСГАРОЁН

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ АЪЗОИ ДАСТАИ ҶАМШЕДИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ ҒОРАТИ ҲАМҶИНСГАРОЁН

БОЗДОШТИ АЪЗОИ ДАСТАИ ҶАМШЕДИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ ҒОРАТИ ҲАМҶИНСГАРОЁН 
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аъзои як даста, ё бандаи ғоратгаронро дастгир карданд, ки ба ҳамҷинсгароён ҳамла оварда, намояндагони ақалиятҳои ҷинсиро ғорат мекарданд. 
Телеграм-канали ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздики Мash на Мойке бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ин дастаи ҷиноиро ҷавони 24-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Ҷамшед ташкил дода, аз лиҳози ақидатӣ таҳрик медод.
Бино ба иттилои Мash на Мойке, аъзои дастаи Ҷамшед аз як усули моҳиронаи ҷустуҷӯи ҳадафҳои худ истифода мебурданд ва феълан ба дастикам ду чунин ҳамла ба ҳамҷинсгароён дар ҳудуди ноҳияҳои Всеволожский ва Московский гумонбар дониста мешаванд.
Худи дастгиршудагон, ки бино ба видеои нашршуда, шумораашон на камтар аз 6 нафар аст, барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.
Вале ба гуфтаи манобеи Телеграм-канали Мash на Мойке, саркардаи ин даста Ҷамшед дар платформаи шиносоии дар байни намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ номдори "Леонардо ҷиҳати “мулоқоти ошиқона” қарор мегузошт, вале ҳангоми мулоқот ҳамҷинсгароён ба ҷои ишқу муҳаббат маззаи мушту лагати Ҷамшедро мечашиданд.
Бино ба фарзияи мақомот, батадриҷ саркардаи даста ба хулосае омад, ки онҳо метавонанд нафақат барои арзишҳои ахлоқӣ мубориза баранд, балки аз ин роҳ пул ҳам кор кунанд. Баъди ин, аъзои дастаи Ҷамшед ба ғорат кардани ҳамҷинсгароёне, ки ба дасташон меафтид, сар карданд.
Ба боздоштшудагон бар асоси моддаи 161 Кодекси ҷиноятии Русия барои ғоратгарӣ ҳамчун ҷазо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.