расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 15 СОЛУ 6 МОҲ ҲУКМИ ЗИНДОН ХУШНУД ҲАМРОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ ДУХТАРИ 17-СОЛАИ РУС

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

15 СОЛУ 6 МОҲ ҲУКМИ ЗИНДОН ХУШНУД ҲАМРОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ ДУХТАРИ 17-СОЛАИ РУС

Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 4 марти соли 2024 шаҳрванди 28-солаи Тоҷикикистон Хушнуд Ҳамроевро дар қатли бераҳмонаи як духтари 17-солаи мактабхон гунаҳкор шинохта, ба 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш сангин ва пардохти қариб 3 миллион рубл, ё қариб 32 ҳазор доллар товон ба ҷабрдидагон маҳкум кард.
Канали расмии Додгоҳҳои вилояти Новосибирск дар шабакаи “ВКонтакте” навишт: Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск рӯзи 4 марти соли 2024 баррасии парвандаи Хушнуд Ҳамроевро ба анҷом расонд. Ҳамроев дар ҷиноятҳое, ки айбдор мешуд, гунаҳкор шинохта шуда, ба 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум гардид. Додгоҳ ҳамчунин дахвои ҷабрдидагонро қонеъ нардонда, аз маҳкумшуда зарари расонидашуда ба маблағи 400 ҳазор рубл ва товони маънавӣ ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор рублро рӯёнд”.
Хушнуд Ҳамроев бар асоси 4 моддаи  Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла бар асоси моддаи 105 ба куштор, бар асоси моддаи 119 ба дастикам 6 мавриди таҳдиди куштор, бар асоси моддаи 117 ба азобу уқубат ва бар асоси моддаи 134 ба алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғе, ки ба синни 16 нарасидааст, айбдор мешуд. Ҳафтае пеш, рӯзи 26 феврал, айбдоркунандаи давлатӣ низ аз додгоҳ барои Ҳамроев ҳамчун ҷазо 15 солу 6 моҳи зиндонро тақозо карда буд.
Настяи 17-сола моҳи июли соли 2022 кушта шуд. Тафтиши парванда 9 моҳ ва мурофиаи додгоҳӣ аз апрели соли 2023, қариб 11 моҳ давом кард.
Дар хабари додгоҳ гуфта мешавад, ки ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ҳамроев метавонад аз он дар давоми 10 рӯз шикоят барад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё Хушнуд Ҳамроев ва адвокати ӯ аз ҳукми ӯ шикоят хоҳанд бурд ё на?
Ёдовар мешавем, достони ишқи ҷавони муҳоҷир ва духтари ноболиғ аз шаҳри Бердск дар канори Новосибирск 26 июли соли 2022 бо фоҷиаи хунин поён ёфт. Хушнуд Ҳамроев маъшуқаи собиқашро дар пеши чашми шоҳидон дар байни роҳ бо бераҳмии махсус кушт. Бино ба хулосаи тафтишот, сабаби куштор рашк ва аз идомаи алоқаи ошиқона даст кашидани духтар будааст.
Дар хулосаи парванда гуфта мешавад, ки Ҳамроев Хушнуд аз 3 октябри соли 2021 чандин бор ба ҷабрдида таҳдиди куштан карда, дар ҳолати мастӣ ӯро азобу уқубати ҷисмонӣ ва равонӣ медод. Шаби 26 ибли соли 2022, тақрибан соати 22:00, Хушнуд Ҳамроев дар ҳолати мастӣ дар заминаи хусумати шахсӣ нисбат ба ҷабрдида, дар ҷараёни муноқишаи байнашон, ҷабрдидаро, ки аз ӯ мегурехт, таъқиб кардааст ва ӯро ба замин афтонда, қасдан ба аъзои ҳаётан муҳими бадани ӯ на камтар аз 17 зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Тавре “Бомдоди” қаблан хабар дод, Хушнуд ё Роман Ҳамроев рӯзи 27 июли соли 2022 дар шаҳри Новосибирски Русия бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Лаҳзаи ин кушторро, ки шаби 26 июли соли 2022 дар кӯчаи Лесосечная дар маҳаллаи Нижняя Елтсовкаи ноҳияи Совет, дар канораҳои ҷанубии Новосибирск, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз Бердск рӯй дод, як ронандае, ки он шаб тасодуфан дар онҷо буд, тавонистааст бо видеорегистратори мошинаш сабт кунад.
Ин ронанда ва ҳам ронандаи як таксии дигари раҳгузар, ки шоҳиди бераҳмона маъшуқаашро куштани Ҳамроев шуданд, аз тарс натавонистаанд, ки ба кумаки ҷабрдида биоянд. Дар сабт дида мешуд, ки ҷавон бо зарбаи корд духтарро дар рӯи роҳ ба замин меафтонад  ва баъди афтиданаш низ ба бадани ӯ бо корд зарба задан мегирад. Баъди тамом кардани кори духтар, он ҷавон тавассути ҷангал фирор мекунад.Баъди рафтани ӯ он ду ронандаи шоҳид ба пеши духтар мешитобанд, вале ӯ алакай ҷон дода буд.
Шахсияти гумонбаршавандаро пулис бар асоси сабти видеорегистратори мошини роҳгузар, ки далели шайъии асосӣ дар ин парванда шуд, зуд муайян кард. Хушнуд (Роман) Ҳамроев соли 2019 низ барои латтукӯб ва таҳдиди куштани як дӯстдухтари қаблиаш ним сол дар СИЗО дар ҳабс буд.
Хушнуд (Роман) он шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори Хилокский расондааст ва аз ҳамватанони бозорнишинаш пурсидааст, ки оё чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор, ки акси Ҳамроевро алакай дар эълонҳои пулис дида буданд, аз девори каҷ ҳазар гуфта, дар бораи дар куҷо будани вай ба пулис хабар додаанд.
Роман Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори Хилокский ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард ва дар наздикии маҳалли куштор иҷора менишаст. Духтари кушташуда Анастасия Р. аз шаҳри Бердск буд ва дар яке аз мактабҳои ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск, дар наздикии маҳалли қатлаш таҳсил мекард. 
Гуфта мешуд, ки Роман Ҳамроев ба  Настя рашки беандоза дошт ва дар заминаи рашк ӯро куштааст. Канали Mash | Мэш бо истинод ба дугонаҳои Настя хабар дода буд, ки Роман гӯё Настяро доим мезад, вале ӯ аз тарси таҳдидҳои ин ҷавон аз вай ҷудо шуда наметавонист. Ҳамон шаб духтар билохира ба Роман аз қатъи муносибатҳояшон хабар медиҳад, ки ин боиси кушта шуданаш мешавад.
Модари духтар гуфта буд, ки онҳо ба пулис дар бораи таҳдидҳои Роман ба Настя ва ӯро заданаш шикоят карда буданд, вале пулис чорае надид ва ин хунукназарӣ дар ниҳоят ба куштор анҷомид. Ба зидди кормандони пулис низ бо иттиҳоми хунукназарӣ парванда кушода буданд, вале ахиран ин парвандаро бастанд.
Хушнуд Ҳамроев дар як ҷаласаи додгоҳӣ баъди боздошташ ба хабарнигорон гуфт, Анастасияи хеле дӯст медошт ва ӯро барои хиёнат куштааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, аз кори кардааш пушаймон аст.
Анастасия Р. моҳи майи соли 2022, ҳамагӣ ду моҳ пеш аз қатлаш ба синни 17 расида буд…

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.