расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРОИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД ҲАМРОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ МАЪШУҚААШ 15 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН ТАЛАБ ДОРАНД

Асосӣ / Ҷомеа

БАРОИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД ҲАМРОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ МАЪШУҚААШ 15 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН ТАЛАБ ДОРАНД

БАРОИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД ҲАМРОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ МАЪШУҚААШ 15 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН ТАЛАБ ДОРАНД
Рӯзи 26 феврали соли 2024 дар додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирски Русия охирин табодули назари тарафҳо (прения)  пиромуни парвандаи шаҳрванди 28-солаи Тоҷикикистон Хушнуд Ҳамроев, ки дар қатли бераҳмонаи як духтари 17-солаи мактабхон айбдор мешавад, сурат гирифт. Манбаи пойгоҳи хабарии “Инфопро54” дар додгоҳ хабар дод, ки дар ин рӯз ҳам айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳам Хушнуд Ҳамроев сухани охирини худро баён карданд.
Маълум нест, ки ҷавони тоҷики муттам ба куштори маъшуқааш дар сухани охирини худ чӣ гуфтааст, вале ба иттилои манбаъ, “айбдоркунандаи давлатӣ дар маҷмӯъ аз додгоҳ талаб кард, то айбдоршавандаро ба 15 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кунанд”.  Хушнуд Ҳамроев бар асоси 4 моддаи  Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла бар асоси моддаи 105 ба куштор, бар асоси моддаи 119 ба дастикам 6 мавриди таҳдиди куштор, бар асоси моддаи 117 ба азобу уқубат ва бар асоси моддаи 134 ба алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғе, ки ба синни 16 нарасидааст, айбдор мешавад.
Ёдовар мешавем, достони ишқи ҷавони муҳоҷир ва духтари ноболиғ аз шаҳри Бердск дар канори Новосибирск 26 июли соли 2022 бо фоҷиаи хунин поён ёфт. Хушнуд Ҳамроев маъшуқаи собиқашро дар пеши чашми шоҳидон дар байни роҳ бо бераҳмии махсус кушт. Бино ба хулосаи тафтишот, сабаби куштор рашк ва аз идомаи алоқаи ошиқона даст кашидани духтар будааст.
Дар хулосаи парванда гуфта мешавад, ки Ҳамроев Хушнуд аз 3 октябри соли 2021 чандин бор ба ҷабрдида таҳдиди куштан карда, дар ҳолати мастӣ ӯро азобу уқубати ҷисмонӣ ва равонӣ медод. Шаби 26 ибли соли 2022, тақрибан соати 22:00, Хушнуд Ҳамроев дар ҳолати мастӣ дар заминаи хусумати шахсӣ нисбат ба ҷабрдида, дар ҷараёни муноқишаи байнашон, ҷабрдидаро, ки аз ӯ мегурехт, таъқиб кардааст ва ӯро ба замин афтонда, қасдан ба аъзои ҳаётан муҳими бадани ӯ на камтар аз 17 зарбаи корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.