расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Уфа хатсайри ҳавоӣ боз шуд

Асосӣ / Ҷаҳон

Байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Уфа хатсайри ҳавоӣ боз шуд

Аз 7 март ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines (Северный ветер) байни шаҳрҳои Уфа ва Хуҷанд хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Уфа хабар медиҳад.
Парвозҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе бо ҳавопаймои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз соати 05:25 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.Вақти парвоз ҳудуди 3 соатро дар бар мегирад.
Билетҳоро дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines ё аз нуқтаҳои фурӯши билети фурудгоҳ харидан мумкин аст.
Ба Тоҷикистон панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия - «Utair», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь S7» ва «Ямал» парвозҳо анҷом медиҳанд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 88% аз ҳаҷми умумии парвозҳоро иҷро карда, боқимонда 12% ба ширкатҳои Тоҷикистон рост меояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.