расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ СӮИ ҲАМДЕҲАГОНАШ БАРОИ ... ДУ ОБЪЕКТИ КОРӢ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ СӮИ ҲАМДЕҲАГОНАШ БАРОИ ... ДУ ОБЪЕКТИ КОРӢ

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ СӮИ ҲАМДЕҲАГОНАШ БАРОИ ... ДУ ОБЪЕКТИ КОРӢ 
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” тафсилоти чӣ гуна дар Руси  кушта шудани як муҳоҷири тоҷикро нақл кард ва хабар дод, ки мутаассифона, Баҳром Алиқулов аз деҳаи Киштӯдаки ҷамоати Ёрии Панҷакентро ҳам моҳи марти соли 2021 дар мулки мусофирӣ ҳамдеҳагони худаш бародарон Соҳибназар ва Ҷаҳонбек Юсуповҳо, ки мисли ӯ дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд, бо як бераҳмии махсус куштаанд. Сабаби Алиқуловро куштану ҳатто гулӯи ӯро буридани бародарон Юсуповҳо, бино ба хулосаи тафтишот, баҳси онҳо бар сари объектҳои корӣ дар бӯстонсаройҳои “Парус” ва “Лесной” шудааст. Юсуповҳо ҳамдеҳаи худро ба он айбдор кардаанд, ки ин объектҳоро аз дасти онҳо гирифтааст.
Саддам Юсуфзода, писарамаки Соҳибназар ва Ҷаҳонбек Юсуповҳо, ки шоҳиди айнии ин ҳодиса буд, дар гузориши нашркардаи ВКД ҷараёни ҷиноятро чунин нақл кард: “Вақте ки афтид, Юсупов Соҳибназар бо пойҳояш ба шикаму қабурғаҳои Баҳром зад. Дар ин байн додараш Ҷаҳонбек омад ва вай ҳам чанд лагат зад. Баҳром аз ҳуш рафт ва дигар наҷунбид. Ман, ки сахт тарсида будам, наздик шудам ва дидам, ки намеҷунбад. Баъди ин Ҷаҳонбек тасмаашро бароварда, гулӯи ӯро буғӣ кард. Чунон буғӣ кард, ки тасма канда шуд. Сипас акои ӯ Соҳибназар аз ҷайби росташ кордро гирифта, баровард ва гулӯяшро бурид...”
Баъди бо чунин шеваи бераҳмона куштани Баҳром Алиқулов, бародарон Юсуповҳо барои пинҳон кардани изи ҷинояташон ҷасади ӯро дар як борхалта андохта, бо як мошини кироя бурда, дар як минтақаи дигар партофтаанд. Додгоҳ Соҳибназар Юсупов ва додари ӯ Ҷаҳонбек Юсуповро мутаносибан ба 27 ва 25 соли зиндони низомаш сахт ва писарамаки онҳо Саддам Юсуфзодаро бо ҷурми хабар надодан ба мақомот ба 4 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.