расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АҶАБ БЕАҚЛӢ! ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲАВОПАЙМОИ ПИТЕР-ХУҶАНД

Асосӣ / Ҷомеа

АҶАБ БЕАҚЛӢ! ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲАВОПАЙМОИ ПИТЕР-ХУҶАНД

АҶАБ БЕАҚЛӢ! ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲАВОПАЙМОИ ПИТЕР-ХУҶАНД
Телеграм-канали SHOT, як пойгоҳи хабарии ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздик, рӯзи 24 феврали соли 2024 бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки маълумоти бардурӯғи як зодаи Тоҷикистон дар бораи вуҷуди бомба ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боиси 6 соат дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия нигоҳ доштани ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” шудааст. Ин ҳавопаймо бояд ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, вале соати қариб дуи шаби 24 феврал ба фурудгоҳи Пулково як марди 30-сола занг зада, ба кормандони колл-сентр, яъне маркази маълумотдиҳии фурудгоҳ хабар додааст, ки дар ҷомадони ҳамсари ӯ маводи машкук гузошта шудааст ва гӯё ба ҳамлаи террористӣ тайёрӣ дида истодаанд.
Дар пайи ин занги изтиробовар ҳамаи 148 мусофир ва 9 узви экипажро аз ҳавопаймо берун оварда, дохили ҳавопаймо ва тамоми бағочи мусофиронашро як ба як бо кумаки сагҳои бӯгир тафтиш кардаанд, вале ягон чизи шубҳабарангез пайдо накардаанд.
Ҳамсари ҳомилаи он мард ба кормандони фурудгоҳ гуфтааст, ки як соат пеш аз парвоз телефонӣ бо шавҳараш муноқиша карда буд. Ӯ ба шавҳараш гуфтааст, ки ба Тоҷикистон пеши падару модараш бармегардад, вале шавҳараш аз ин ба қаҳр омада, доду фарёд бардоштааст ва гуфтааст, ки ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.