расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЗАЙНУЛЛО ШАРИФЗОДА АЗ ХОНАВОДАИ ПУРНУФУЗИ СОҲИБОВҲО ПРЕЗИДЕНТИ “ВАХШ” ШУД

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

ЗАЙНУЛЛО ШАРИФЗОДА АЗ ХОНАВОДАИ ПУРНУФУЗИ СОҲИБОВҲО ПРЕЗИДЕНТИ “ВАХШ” ШУД

ЗАЙНУЛЛО ШАРИФЗОДА АЗ ХОНАВОДАИ ПУРНУФУЗИ СОҲИБОВҲО ПРЕЗИДЕНТИ “ВАХШ” ШУД
Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 26 феврали соли 2024 аз иваз шудани роҳбарияти бошгоҳи машҳури футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар хабар дод. Бино ба иттилои ин манбаъ, раҳбарияти нави қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон рӯзи 26 феврал  дар ҷаласаи васеи  бошгоҳи футболи “Вахш” дар шаҳри Бохтар муаррифӣ шуд. Федератсияи футбол гуфт, Зайнулло Шарифзода президенти нави "Вахш" ва ситораи маъруфи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки  тайи 30 сол дар бошгоҳи “Вахш” кор кард, директори даста таъйин шуд. 
Роҳбарияти нави «Вахш» дар назди даста вазифа гузоштааст, ки бояд ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргардад. “Вахш”, ки чанд соли охир номашро ба “Хатлон” иваз карда буданд, соли гузашта дар лигаи олии футболи Тоҷикистон зинаи аз ҳамаи охиринро гирифт ва аз лигаи олӣ хориҷ шуд. Ин даста имсол дар лигаи якум барои бозгашт ба лигаи олӣ талош хоҳад кард.
Чанде пеш Тоҳирҷон Мӯъминов, мураббии шинохтаи тоҷик, баъди тарки дастаи “Равшан”–и Кӯлоб сармураббии “Вахш” таъйин шуд.
Зайнулло Шарифзода (Соҳибов) аз хонаводаи дар Душанбеву Бохтар ва водии Вахш пурнуфузи Соҳибовҳо аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (собиқ Колхозобод) аст. 
Зайнулло Шарифзода солҳои зиёд мудири кулли корхонаи сементи Душанбе буд ва моҳи феврали соли 2020 мудири Агентии хариди давлатии  ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.