расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАМАГӢ 20 СОЛ ДОШТ: ДАВЛАТ ҚУРБОНОВ АЗ ШАЙДОНИ АШТ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ҲАМАГӢ 20 СОЛ ДОШТ: ДАВЛАТ ҚУРБОНОВ АЗ ШАЙДОНИ АШТ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

ҲАМАГӢ 20 СОЛ ДОШТ: ДАВЛАТ ҚУРБОНОВ АЗ ШАЙДОНИ АШТ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД
Зодаи Тоҷикистон Давлат Қурбоновро, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, рӯзи 12 феврали соли 2024 дар шаҳри Орёли Русия дар қабристони Наугорское ба хок супурданд. Дар ин бора пойгоҳи маҳаллии “Орёлград” хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, Давлат Қурбонов аз ӯзбекҳои Тоҷикистон буда, 8 сентябри соли 2003 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст.Ӯ соли 2021 мактаби миёнаро хатм карда, ба як коллеҷ дар шаҳри Орёл дохил шуд, вале ба гуфтаи наздиконаш, азбаски аз хурдӣ орзуи сарбоз шуданашро дошт, коллеҷро хатм нокарда, ба хидмати артиш рафт.
8 декабри соли 2023 Давлат Қурбоновро ба ҷанги зидди Украина фиристоданд, вале ӯ ҳамагӣ як моҳ ҷанг кард. Дар намояндагии маҳаллии Анҷумани ӯзбекҳо ва ӯзбекистониҳои Русия ба “Орёлград” хабар додаанд ки: “Баъди як моҳ, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини артиши Украина, Давлат Қурбонов ҷони худро даст дод”.
Дар ҷамъияти ӯзбекҳои Орёл гуфтаанд, ки ӯ “шаҳид” шуд. Вале дар Тоҷикистон фикрҳо дар бораи иштироки зодагони ин кишвар дар ҷанги Русия ба зидди Украина яксон нест. Бархе бар инанд, ки тоҷикистониҳо бояд ба шарики стратегии кишвари худ Русия дар ин ҷанг кумак кунанд ва бо ин роҳ барои ба як миллион тоҷик ҷои кор доданаш ба Русия изҳори сипос кунанд. Вале дигарон ҷанги Русия ба зидди Украинаро як ҷанги ноодилона ва барои тоҷикистониҳо  бегона медонанд ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар ин ҷангу худро қурбон кардани онҳоро бемаънӣ мешуморанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.