расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам бозиҳои дӯстона баргузор менамояд

Асосӣ / Варзиш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Ветнам бозиҳои дӯстона баргузор менамояд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Ветнам ду бозии дӯстона баргузор менамояд. Ин вохӯриҳо 20 ва 23 март дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.  
Шашумин Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15 апрел то 3 май дар Давҳа баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайиланд (22 апрел) бозӣ менамояд.
Бозиҳои дӯстона
20 март (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН – Ветнам
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
23 март (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Ветнам
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.