Дар Қирғизистон дар натиҷаи тармафароӣ чор сайёҳ аз Чехия ҳалок шудаанд
![](/uploads/posts/2024-02/1709029723_lavina-1.jpg)
«Дар дараи Жиргалани вилояти Иссиқкӯл чор сайёҳе, ки аз Чехия омада буданд, зери тарма монда, ҳалок шудаанд», — изҳор намуд котиби матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилоят Сталбек Усубакунов.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сайёҳони чехӣ ба Жиргалан барои лижаронӣ омада будаанд.
Шахсияти ҳалокшудагон муайян гардидааст.