расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН КОРРО БО СИСТЕМАИ ПУЛФИРИСТИИ CONTACT ҚАТЪ КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН КОРРО БО СИСТЕМАИ ПУЛФИРИСТИИ CONTACT ҚАТЪ КАРДААНД

БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН КОРРО БО СИСТЕМАИ ПУЛФИРИСТИИ CONTACT ҚАТЪ КАРДААНД
Баъди  бозхонди иҷозатномаи бонки Qiwi (Киви) аз сӯи Бонки марказии Русия бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Спитаменбонк”, “Душанбе Сити” ва ташкилоти хурди “Ҳумо”, ҳамкориро бо системаи пулфиристии Contact, ки ба бонки  Киви тааллуқ дошт, қатъ кардаанд. Дар “Амонатбонк” ба ТАСС гуфтаанд, ки “дар мавриди системаи Contact бояд бигӯем, ки мутаассифона, ин система дар бонки мо кор намекунад”.  Дар “Спитаменбонк” ва “Ҳумо” низ ба ин хабаргузорӣ айни маълумотро додаанд. Дар "Ориёнбонк" гуфтаанд, ки “интиқоли пул тавассути Contact фаъол нест". Дар бонки Dushanbe City, ки қаблан муштариён метавонистанд ҳамёни электронии Киви низ бикушоянд, гуфтаанд, ки дигар чунин амалиётро анҷом намедиҳанд ва системаи пулфиристии Contact  ҳам дар ин бонк дигар кор намекунад.
 21 феврали соли 2024 Бонки марказии Русия иҷозатномаи Qiwi-бонк барои анҷоми амалиёти бонкиро бозпас гирифт.  Бонки марказии Русия Кивиро ба идомаи анҷоми амалиёти рискашон бузург, бидуни огоҳии шаҳрвандон кушодани ҳамёнҳои Киви, пайваста вайрон кардани талаботи қонун дар бахши муқобила бо шустушӯи пулҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ба даст омада ва имкон додан ба маблағгузории терроризм айбдор кард.
Contact нахустин шабакаи пулфиристии Русия ба шумор меравад. Он ҳанӯз соли 1999 ташкил шуда, дар беш аз 180 кишвари ҷаҳон беш аз  670 ҳазор нуқтаи додани пул дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.