расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МИТИНГУ РОҲПАЙМОӢ БА ТАРАФДОРӢ АЗ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ (

Асосӣ / Варзиш

МИТИНГУ РОҲПАЙМОӢ БА ТАРАФДОРӢ АЗ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ (

МИТИНГУ РОҲПАЙМОӢ БА ТАРАФДОРӢ АЗ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ (6 АКС)
Рӯзи 21 феврали соли 2024 бо иштироки қариб 10 ҳазор нафар дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ ба тарафдорӣ аз Рустами Эмомалӣ доир шудааст.
Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс аз ин чорабинӣ хабар дод, ки  “бо мақсади ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тариқи қабули қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷалби наздик ба 10 000 нафар ҳамоиш ва роҳпаймоӣ баргузор карда шуд”.
Бино ба иттилоияи расмӣ, ҳамоиш дар назди “Шаршара” - и “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе ва роҳпаймоӣ аз назди шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузар баргузор  шуда, “дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ иштирокчиён бо руҳу илҳоми болида иштирок намуда, аз пешниҳоди Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷонибдорӣ карданд”.
Дар аксҳои нашркардаи шаҳрдории Душанбе дида мешавад, ки иштирокчиёни ҳамоишу раҳпаймоӣ парчамҳои Тоҷикистон, аксҳои  Рустами Эмомалӣ ва падари ӯ президенти кунунӣ Эмомалӣ  Раҳмонро дар даст доранд.
Ёдовар мешавем,  Рустами Эмомалӣ рӯзи 9 феврали соли 2024 бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милал як рӯзро расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.