расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР РОШТҚАЛЪА ПАЛАНГИ ВАҲШӢ 18 САР ЧОРВОИ ЯК СОКИНИ ДЕҲАИ ТАБАРСЕМРО НОБУД КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР РОШТҚАЛЪА ПАЛАНГИ ВАҲШӢ 18 САР ЧОРВОИ ЯК СОКИНИ ДЕҲАИ ТАБАРСЕМРО НОБУД КАРДААСТ

ДАР РОШТҚАЛЪА ПАЛАНГИ ВАҲШӢ 18 САР ЧОРВОИ ЯК СОКИНИ ДЕҲАИ ТАБАРСЕМРО НОБУД КАРДААСТ
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти қисми навбатдории ин ниҳод хабар дод, ки субҳи барвақти 22 феврали соли 2024, тақрибан соати 05:30, як паланги ваҳшӣ (барс, ирбис) ба оғили сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромада, ба чорвонаи хонагӣ дарафтодааст. Дар натиҷа, ҳайвони ваҳшӣ 18 сар чорвои хурдро нобуд кардааст.
Дар гузашта ҳам аз ҳамлаи паланги барфӣ дар деҳоти Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо ба даст мерасид. Чунин ҳамлаҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, махсусан палангу гург ва гоҳо ҳатто хирс ба сарою оғили сокинони ин вилояти баландкӯҳ бавижа дар фасли сармо, ки ҷустуҷӯи ғизо барои ҳайвонҳои ваҳшӣ мушкил мешавад ва онҳо маҷбур мегарданд, ки дар ҷустуҷӯи сайд  аз кӯҳҳо пойин фаромада, ба маҳалҳои аҳолинишин наздик шаванд, бештар ба мушоҳида мерасад.
Аз ҷумла шаби 6 ноябри соли 2023  дар деҳаи Сипонҷи ҷамоати Бартанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон паланги ваҳшӣ ба оғилҳои мардум ҳамла карда, беш аз 30 сар чорвои хурди сокинони сокинони Бартангро дарронда, нобуд карда буд. 
Ҳамин тавр, шаби 5 ноябри соли 2023, як паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ҳамла карда, 14 сар моли майда, аз ҷумла 9 сар буз ва 5 сар гӯсфандро куштааст ва 1 сар гӯсоларо захмӣ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.