расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАЛАНГИ БАРФӢ 14 САР ЧОРВОИ СОКИНИ РОШТҚАЛЪАРО НОБУД КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ПАЛАНГИ БАРФӢ 14 САР ЧОРВОИ СОКИНИ РОШТҚАЛЪАРО НОБУД КАРДААСТ

ПАЛАНГИ БАРФӢ 14 САР ЧОРВОИ СОКИНИ РОШТҚАЛЪАРО НОБУД КАРДААСТ
Як паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ҳамла кардааст. Ҳайвони ваҳшӣ 14 сар моли майда, аз ҷумла 9 сар буз ва 5 сар гӯсфандро кушта, 1 сар гӯсоларо захмӣ кардааст. Гуфта мешавад, палангро мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят аз дохили оғилхонаи сокини Намадроҷ дастгир карда, ба ноҳияи Мурғоб интиқол додаанд.
Ин нахустин ҳолати ҳамлаи палангҳо ба чорвои мардум дар Бадахшон нест. Дар гузашта ҳам аз ҳамлаи паланги барфӣ дар деҳоти Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо ба даст мерасид. Чунин ҳамлаҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, махсусан палангу гург ва гоҳо ҳатто хирс ба сарою оғили сокинони ин вилояти баландкӯҳ бавижа дар фасли сармо, ки ҷустуҷӯи ғизо барои ҳайвонҳои ваҳшӣ мушкил мешавад, бештар ба мушоҳида мерасад.
Аз ҷумла шаби 3 марти соли 2022, тахминан соати 01:30, як паланги барфӣ ба чорвои хонагӣ дар оғили як сокини деҳаи Амбави ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа ҳамла оварда, 6 сар чорвои хурдро дарронда буд. Баъди нобуд кардани чорво, сокинон паланги барфиро ба даруни қафас дароварда, аз ҳудуди деҳа хеле дуртар бурдаанд ва сипас аз қафас озод кардаанд. Субҳи 23  феврали соли 2022, як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҳамин ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа ворид шуда, ба чорвои дохили он ҳамла карда буд. Ин дарранда 20 сар чорвои хурдро дарронд ва як сар чорвои калонро маъюб кард. Ҳамин тавр, дар поёни моҳи октябри соли 2021 як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим ҳамла овард ва 31 сар чорвои хурдро нобуд карда, 2 сар чорвои калон ва 8 сар чорвои хурдро захмӣ карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.