расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ СЕ МОШИН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Асосӣ / Ҷомеа

БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ СЕ МОШИН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ СЕ МОШИН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 феврали соли 2024 бар асари бархӯрди се мошини “Опел-Вектра”, “Мерседес” ва “Тойота-Румиён» дар шаҳри Ваҳдат ронандаи 60-солаи “Тойота“ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Бино ба иттилои ВКД, 20-уми феврали соли 2024, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Камолов Маҳмадалӣ Зайниддинович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз НФС “Газпромнефт” ба самти маркази шаҳри Ваҳдат, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Насриддинов Ҳоҷиакбар Сафарбекович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Пас аз бархӯрдан ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Румиён”, таҳти идораи ронанда, Бобобеков Раҷабалӣ Ортихолович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Тойота-Румиён” Бобобеков Р.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.