расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САНГРЕЗ ДАР ДАРВОЗ РОҲИ ХОРУҒРО БАСТ

Асосӣ / Ҷомеа

САНГРЕЗ ДАР ДАРВОЗ РОҲИ ХОРУҒРО БАСТ

САНГРЕЗ ДАР ДАРВОЗ РОҲИ ХОРУҒРО БАСТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 20 феврали соли 2024,  соати 08:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 285-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд. Ин офати табиӣ боиси масдуд шудани роҳ шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ахиран бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки камаш то 24 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марз, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин дар роҳи Душанбе –  Хуҷанд (аз километри 45 то 82)  хатари фурӯ рехтани тармаву сангрез баланд боқӣ мемонад. Дар робита ба вуҷуди хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳо аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.