расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ РАСУЛОВРО БАРОИ ПОРАХӮРӢ 248 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ РАСУЛОВРО БАРОИ ПОРАХӮРӢ 248 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД

МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ РАСУЛОВРО БАРОИ ПОРАХӮРӢ 248 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТАНД
Илҳом Аҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гирифтани пора ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ гунаҳкор шудааст, вале худаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаи болоӣ шикоят кардааст. Сафар Салимзода, роҳбари тозатаъини сардори Агентии зидди фасоди вилояти Суғд, гуфт, Илҳом Аҳмадзода, муовини раиси ноҳия  ва дар як вақт узви комиссияи қонунигардонии дороиҳо аз шаҳрванд Ботур Тусматов ба сифати пора 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ барои тасдиқи лоиҳаи кории маркази хидматрасонӣ ва минбаъд ба номи Тусматов ҳуҷҷатгузорӣ намудани он рӯзҳои 15-уми июн ва 11-уми июли соли 2023 ба Илҳом Аҳмадзода дода шудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов нисбати Илҳом Аҳмадзода ҷазо дар намуди 248 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Илҳом Аҳмадзода гуфт, “дар гӯшаю хаёлам набуд, ки дар беруни дар ба дасти ман 4 ҳазор сомонӣ дода, маро ба дасти мақомоти зидди фасод месупоранд”. Аҳмадзода аввал тасдиқ кард, ки ба сифати муовини раиси ноҳия кор мекунад ва баъдан зикр намуд, ки аз Оҷонси зиддифасон мактуби дастури хаттӣ барои аз вазифа озод кардан омадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.