расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм

Асосӣ / Сиёсат

Афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм

Дар вилояти Суғд давоми соли 2023-ум 176 ҷинояти вобаста ба терроризму экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 73 ҳолат зиёд мебошад.
Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки дар умум, соли 2023 дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 611 парвандаи  ҷиноятӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст ва ин 238 адад бештар нисбат ба соли 2022 мебошад.
“176 парвандаи воридшуда ба терроризм ва экстремизм вобаста мебошад, ки ин ҳам 73 ҳолат бештар аз соли 2022 аст. Теъдоди маҳкумшудагон бо иттиҳоми терроризму экстремизм ҳам афзоиш ёфта, 201 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст”, - гуфт Ҷӯрабек Шерзода.
Ба иттилои ин масъули додгоҳи вилояти Суғд, соли 2023 як ноболиғ ва як зан ҳам дар робита ба терроризму экстремизм муттаҳам шуда, аммо баъдан парванда нисбати онҳо қатъ шудааст.

Ҷӯрабек ШерзодаАкс аз муаллиф

Шаҳру навоҳии осебпазир

Тибқи иттилои Шерзода, соли 2023 дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз ҳама ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст:
Ху
ҷанд - 48 парванда;
Панҷакент - 25 парванда;
Исфара - 24 парванда;
Мастчоҳ - 16 парванда;
Истаравшан -15 парванда.
Дар 11 шаҳру навоҳии дигар аз 1 то 9 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст.
Ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон танҳо манотиқе будаанд, ки соли 2023 ҳеҷ як парвандаи хусусияти террористиву экстремистидошта боз нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.