расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ ТАН АЗ МУТТАҲАМОН ДАР ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА АМРИКО ВА ПОЛША ФИРОР КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДУ ТАН АЗ МУТТАҲАМОН ДАР ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА АМРИКО ВА ПОЛША ФИРОР КАРДААНД

ДУ ТАН АЗ МУТТАҲАМОН ДАР ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА АМРИКО ВА ПОЛША ФИРОР КАРДААНД
Дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” 2 нафари дигар дар пайгард қарор дошта, яке аз онҳо дар Амрико боздошт шудааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.  Яке аз онҳо Бойторов Алишер Сабзаалиевичи 45-сола мебошад, ки сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ ҳоло дар Ҷумҳурии Полша қарор дошта, аз 6-уми октябри соли 2023 дар ҷустуҷӯи байналилалӣ қарор дорад. Ӯ то ҳол боздошт нашудааст. Ба зидди ӯ барои одамрабоӣ ё моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аз додситонӣ гуфтанд, Бойторов Алишер нафаре аст, ки барои одамрабоӣ мошин харидааст ва навори мошинхарии ӯ бо ниқоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн шуда буд.
Нафари дуввум Муминов Фирӯз Фаттоевич, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки айни ҳол дар Амрико дастгир шуда, масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ӯ аз 25-уми августи соли 2023 дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Бар зидди Муминов Фирӯз бо моддаи куштор ва одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мақомоти Тоҷикистон қаблан Фирӯз Муминовро ба он гунаҳкор карда буданд, ки баъди фирори Дилшоди Красавчик аз Тоҷикистон дар поёни моҳи июни соли 2023  ӯро як ҳафта дар манзилаш дар минтақаи Перми Русия пинҳон карда, сипас барои аз Перм ба Маскав рафтанаш кумак ва мусоидат кардааст.
Нафаре, ки баъди боздошт дар боздоштгоҳ фавтидааст, Мустафоқулов Парвиз Адҳамович, сокини шаҳри Панҷакент мебошад. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми август ҳоли ӯ дар боздоштгоҳ якбора бад мешавад ва ӯро ба муассисаи табобатии 3/13 мебаранд. Баъди се рӯз – 28-уми август ӯ дар ин муассисаи тиббӣ дар пайи бемории пневмонияи музмини шушҳо мефавтад. Бар зидди ӯ барои хабар надодан оид ба ҷиноят ё моддаи 347-и Қодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.