расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: “ТОЙОТА КОРОЛЛА” БА ФОНДАРЁ ЧАППА ШУД, СЕ НАФАР ҶОН БОХТАНД...

Асосӣ / Ҷомеа

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: “ТОЙОТА КОРОЛЛА” БА ФОНДАРЁ ЧАППА ШУД, СЕ НАФАР ҶОН БОХТАНД...

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: “ТОЙОТА КОРОЛЛА” БА ФОНДАРЁ ЧАППА ШУД, СЕ НАФАР ҶОН БОХТАНД...
Субҳи 14 феврали соли 2024 дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ  бар асари ба Фондарё чаппа шудани мошини тамғаи “Тойота Королла” се нафар ба ҳалокат расиданд.  Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри 2 акс аз ҷои ҳодиса дар иттилоияаш гуфт, ки дар рафъи оқибатҳои ин садамаи пурқурбонӣ нҷотбахшони ин ниҳод низ иштирок кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, субҳи 14 феврали соли 2024, соати 07:10 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар километри 124-уми шоҳроҳи  Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст. Наҷотбахшони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Toyota Corolla”, сокини 25-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки аз шаҳри Душанбе ба тарафи Хуҷанд ҳаракат мекард, дар ин қисмати роҳ аз уҳдаи идоари воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва мошини ӯ аз баландӣ ба Фондарё сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд.Наҷотбахшон бо кумаки таҳҷизоти кӯҳнавардӣ ба соҳили дарё фаромада, бо истифода аз васоили махсус ҷасадҳои ронанда ва ҳарду мусофирашро аз даруни мошин берун овардаанд ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз ронандагон хостааст, ки дар роҳ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръатро қатъиян риоя кунанд. Тафсилоти дигари садама дастрас нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.