расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НАРХАШОН ҚАРИБ 400 ҲАЗОР ДОЛЛАР! БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАРЗИ ПОЛША БО ДУ ҶИПИ ГАРОНБАҲОИ ДУЗДӢ

Асосӣ / Ҷомеа

НАРХАШОН ҚАРИБ 400 ҲАЗОР ДОЛЛАР! БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАРЗИ ПОЛША БО ДУ ҶИПИ ГАРОНБАҲОИ ДУЗДӢ

НАРХАШОН ҚАРИБ 400 ҲАЗОР ДОЛЛАР! БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАРЗИ ПОЛША БО ДУ ҶИПИ ГАРОНБАҲОИ ДУЗДӢ 
Хадамоти марзбонии Лаҳистон (Полша) рӯзи 15 феврали соли 2024 хабар дод, ки дар марзи ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бо Беларус дар як ҳафтаи охир ду шаҳрванди 23- ва 33-солаи Тоҷикистон бо ду мошини гаронбаҳои тамғаҳои Land Rover - Range Rover Sport ва BMW XM, ки арзиши умумиашон беш аз якуним миллион злотий, ё ҳудуди 384 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ба даст афтодаанд. Маълум шуд, ки ҳарду ҷипро аз Олмон дуздидаанд. Бино ба гузориши марзбонони Лаҳистон, дар рӯзҳои истироҳати гузашта (10-11 феврал)  марзбонони воҳиди сарҳадии Буг як мошини ҷипи гаронбаҳои дуздиро ошкор карданд, ки нархаш 700 ҳазор злотий, ё тақрибан 172 ҳазор доллар баровард шудааст.  “Марзбонони Лаҳистон дар гузаргоҳи автомобилии Тереспол шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро, ки бо мошини тамғаи Land Rover - Range Rover Sport, сохти соли 2024, қасди убури марзи Лаҳистон бо Беларусро дошт, манъ карданд. Рафтори асабонии ронандаи мошини гаронбаҳо таваҷҷуҳи марзбонҳоро ҷалб кард. Маълум шуд, ки ин мошини тақрибан нав аз ҷониби мақомоти Олмон ҳамчун мошини гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст”, - гуфта мешавад дар хабар. 
Ин Land Rover алакай дуюмин мошини гаронбаҳоест, ки рӯзҳои охир дар марзи Полша бо Беларус ба даст меафтанд. Ҳафтаи гузашта марзбонони ҳмин воҳиди сарҳадии Буг як мошини ҷипи тамғаи BMW XM, арзишаш 850 000 злотий, ё тақрибан 212 ҳазор долларро мусодира карданд. “Автобизнес”  Полша хабар дод, ки ин ҷип низ аз Олмон дуздида шуда, ронандааш 33 сол дошта, ӯ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Марзбонони Полша гуфтаанд, ки ин ду мошини аз шаҳрвандони Тоҷикистон гирифташуда гаронбаҳотарин мошинҳоеянд, ки имсол дар марзи ин кишвар бо Беларус ба даст афтоданд. Шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд. Маълум нест, ки онҳо дидаю дониста ҷипҳои дар Олмон дуздидашударо  бо худ мебурданд ваё худ қурбони фиреби мошиндуздон шудаанд?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.