расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЭЪТИРОЗИ РУСИЯ БА САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН РОҶЕЪ БА ҲАРФҲОИ ҚУДРАТХОҶАЕВ ДАР БОРАИ “ИШҒОЛГАРОН”

Асосӣ / Ҷомеа

ЭЪТИРОЗИ РУСИЯ БА САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН РОҶЕЪ БА ҲАРФҲОИ ҚУДРАТХОҶАЕВ ДАР БОРАИ “ИШҒОЛГАРОН”

ЭЪТИРОЗИ РУСИЯ БА САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН РОҶЕЪ БА ҲАРФҲОИ ҚУДРАТХОҶАЕВ ДАР БОРАИ “ИШҒОЛГАРОН”
Хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 14 феврали соли 2024 хабар дод, ки сафири Ӯзбекистон дар Маскав Ботирҷон Асадовро дар робита ба як суханронии ҷанҷолбарангези Шерзод Қудратхоҷа, ректори Донишгоҳи журналистика ва иртибототи оммавӣ ва раиси Анҷумани миллии матбуоти Ӯзбекистон ба майдони Смоленск, мақари вазорати Русия эҳзор карда, ба ӯ нота, яъне ёддошти расмии эътирозӣ супурдаанд. Шерзодхон Тоҷиддин уғлӣ Қудратхоҷа (Қудратхоҷаев) рӯзи 13 феврал дар мусоҳиба бо як блогери маҳаллӣ онҳоеро, ки баъди заминларзаи харобиовари соли 2016 барои барқарор кардани шаҳри Тошканд ба пойтахти Ӯзбекистон омада, дар ин ҷо монданд, вале дар тӯли ин қадар сол забони ӯзбекиро ёд нагирифтанд, ба боди мазаммат кашид. Ӯ аз суханоне, ки ба Карл Маркс нисбат медиҳанд, иқтибос овард, ки: “Забони кишвареро, ки онҷо зиндагӣ доранд, танҳо ду тоифа ёд намегиранд: ё ишғолгарон ваё беақлҳо”. Шерзод Қудратхоҷаев хитоб ба русзабонҳои муқими Ӯзбекистон, ки забони ӯзбекиро намедонанд, гуфт: “Акнун онҳо бояд худашон интихоб кунанд, ки кистанд: ишғолгар ё беақл?”
Дар вазорати хориҷаи Русия ба сафири Ӯзбекистон гуфтаанд, ки "мазмун ва лаҳни чунин баёнияҳо комилан хилофи муносибатҳои мушорикати стратегӣ ва иттифоқчигиест, ки Русияву Ӯзбекистонро пайванд медиҳанд”. Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин аз ҷониби Ӯзбекистон хостааст, ки ба ҳарфҳои Қудратхоҷаев вокуниш кунад:  "Умедворем, ки вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар муддати наздиктарин шарҳи расмӣ бо арзёбии усулии баёнияҳои таҳқиромези ин ходими баландпояро ироа мекунад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.