расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОН ДАР ЁВОН БАРОИ БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТАНИ ТЕЛЕФОНҲОИ РАҲГУЗАРОН (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОН ДАР ЁВОН БАРОИ БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТАНИ ТЕЛЕФОНҲОИ РАҲГУЗАРОН (АКС)

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОН ДАР ЁВОН БАРОИ БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТАНИ ТЕЛЕФОНҲОИ РАҲГУЗАРОН (АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 15 феврали соли 2024 аз боздошти ду ҷавон дар ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми ғоратгарӣ хабар дод. Бино ба гузориши нашршуда, кормандони шуъбачаи милитсияи ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон дар асоси аризаи ду сокини ин ноҳия оид ба тариқи зӯроварӣ тасарруф намудани телефонҳои мобилияшон, ду сокини ҷавони ноҳияи Ёвонро бо гумони ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карданд. Ин нафарон: Мирзоев Раҷабалӣ соли таваллудаш 2003 ва Раҷабов Фаррух, соли таваллудаш 1999 мебошанд. Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Хатлон гуфт, “зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон моҳи январи соли 2024 бо маслиҳати пешакӣ, ҳангоми дар кӯчаи Р. Раҷабови ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ёвон қарор доштанашон, дар ду ҳолат, бо мақсади ғоратгарӣ ба марди 47 сола ва 50 сола, сокинони ноҳияи мазкур дарафтода, бо роҳи зӯроварӣ телефонҳои мобилии тамғаи "Редми", арзишаш 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ, «Айфон-6», арзишаш 1200 (ҳазору дусад) сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Ҷ 5”-ро, ки арзишаш 600(шашсад), сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.
Айни ҳол дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон тибқи муқаррароти моддаи моддаи 248, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба Раҷабалӣ Мирзоев ва Фаррух Раҷабов бар асоси ин банди қонун барои ғоратгарӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.