Амрико барои мактабҳои Тоҷикистон 242 ҳазор китоби англисӣ дод
![](/uploads/posts/2024-02/medium/1708059790_kitob-2.jpg)
Манбаъ менависад, ки дар маросими супоридани китобҳо, ки 15-уми феврал дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузор гардид, Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Мануэл Микаллер, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи рушди Оғохон ширкат доштанд.
Ба гуфтаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин тасмим дар пайи пуштибонии сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши забони англисӣ барои кӯдакон рӯи даст гирифта шудааст.
Ин китобҳо барои хонандагон ва муаллимони синфҳои 10 ва 11 –и мактабҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
“Он аз 115 ҳазор китоби дарсӣ барои синфи 10, 115 ҳазор барои синфи 11, 12 ҳазор китоб барои муаллимони синфҳои 10 ва 11 ва 12 ҳазор фиттаҳо дорои маводи таълимӣ барои муаллимон баҳри таълими дарсҳои ба хонандагон нигаронидашуда, иборат мебошанд”, - омадааст дар хабари сафорат.Ба иттилои ин ниҳоди дипломатӣ, китобҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илм барои барномаҳои таълимии забони англисӣ мувофиқат мекунанд ва дар онҳо усулҳои муосири омӯзиши забонҳо, яъне таълими ба хонанда нигаронидашуда, таълими коммуникативӣ ва омӯзиш дар асоси машқҳо истифода мешаванд, ки ба рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат мекунанд. Дар китобҳои дарсӣ ва машқҳо аз заминаи фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон ва фарҳангҳои саросари ҷаҳон истифода шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/334037/%D0%BA%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%201.jpg)
Бояд гуфт, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон зиёд буда, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханрониҳояш ҳамеша аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ таъкид мекунад.
Зимнан Тоҷикистон дар рӯйхати донандагони забони англисӣ дар ҷаҳон як зина пеш аз охир қарор дорад.