расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши ҷалби сармоя тақвият медиҳанд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши ҷалби сармоя тақвият медиҳанд

Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ тақвият мебахшанд. Дар робита ба ин дар шаҳри  Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амут Адҷар баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон  вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро дар самти иқтисодӣ-сармоягузорӣ, аз ҷумла амалишавии созишномаҳои сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи ширкатҳои туркӣ баррасӣ намуда, омодагиашонро барои тақвияти ҳамкории судманд изҳор доштанд.
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.