расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН РУБЛ(!!!) ФИРЕБ ДОДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН РУБЛ(!!!) ФИРЕБ ДОДААСТ

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН РУБЛ(!!!) ФИРЕБ ДОДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти боз як нафар бо иттиҳоми дар Русия ба маблағи бузург фиреб додани як ҳамватанаш  хабар дод.
Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳангоми дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Рашт даромада, 15-уми феврали соли 2021, бо баҳонаи дар шаҳри Душанбе харидани манзили зист аз вай маблағи 5 миллион рубли русӣ, мутаносибан ба асъори миллӣ 756 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки кор карда, аз ҳисоби музди меҳнаташ ин пулҳоро бармегардонад. Ҳамин тавр, бори дуюм боз ҳам бо баҳонаи эҳтиёҷоти рӯзмарраи худ  ин сокини Рашт дигарбора ба боварии ҳамон ҷабрдида даромада, маблағи 3 миллион рубли русӣ,  мутаносиб ба асъори миллӣ 423 ҳазор сомониро гирифта ваъда медиҳад, ки ин маблағро ҳам аз ҳисоби музди меҳнаташ дар давоми фаъолияти корияш бамегардонад. Баъдан номбурда 21-уми майи соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон фирор карда, то имрӯз дигар ба онҷо барнагашта, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати худаш сарф кардааст ва бо ин кирдораш, ба гуфтаи ВКД, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тафсилоти дигари парванда ва назари тарафҳо дастрас нест. Вале муҳоҷирони тоҷик дар Русия бисёр шикоят мекунанд, ки пайваста ба доми фиреби қаллобон, аз ҷумла қаллобони ҳамватани худ меафтанд ва пулҳои бо азоб кор кардаашонро аз даст медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.