расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 23 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ Ё РОТАТСИЯ ДАР СОХТОРҲОИ ДОДГОҲИИ ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

23 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ Ё РОТАТСИЯ ДАР СОХТОРҲОИ ДОДГОҲИИ ТОҶИКИСТОН

23 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ Ё РОТАТСИЯ ДАР СОХТОРҲОИ ДОДГОҲИИ ТОҶИКИСТОН
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 феврали соли 2024 бо имзои фармони №755 дар сохторҳои додгоҳии кишвар 23 тағйироти кадрӣ ба амал овард, ки аксараш ба ротатсияи додрасҳо, яъне аз як вазифа гирифтану ба вазифаи дигар таъйин кардани онҳо шабоҳат дошт.
Аз ҷумла бо ин фармони президент, Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанд озод гардида, раиси суди вилояти Суғд ва Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди вилоят таъйин шуд. Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон, ки то имрӯз раиси суди ноҳияи Ҷайҳун буд, аз ин мақом озод ва раиси суди шаҳри Кӯлоб таъйин шудааст. 
Ҳамин тавр, Шарифзода Рудоба Ҳомиддин, духтари вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов, аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин гардид. Ҷои зикр аст, ки дар рӯзҳои охир Рудоба алакай сеюмин фарзанди шодравон Ҳумдин Шарипов аст, ки ба мансабҳои баланд таъйин мешаванд. Аз ин қабл, рӯзи 5 январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин, сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркия ва Туркманистон ба мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардида, дар поёни моҳи январ писари дигари Ҳумдин Шарипов Шарифзода Фирӯз Ҳумдин, ки то кунун муовини раиси Бонки миллӣ буд, муовини аввали раиси ин бонк таъйин карда шуд.
Бо фармони №755 аз 12 феврал, ҳамчунин  Нурализода Сафарбек Маҷид аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷайҳун, таъйин шуд. Раҳбарии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро ба  Кабирзода Сарфароз Мизроб супурдаанд, ки то имрӯз муовини аввали раиси ин додгоҳ буд. Гуфтанист, ки Сарфароз Кабирзода писари Мизроб Кабиров, як мансабдори дар гузашта пурнуфуз аст, ки дар мақомҳои раиси Шӯрои адлия, раиси комиссияи марказии интихобот, раиси дастгоҳи парлумони Тоҷикистон кор кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.