расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА МИРСАЛИМ АШӮРОВ ДАР АЙНИ КАМОЛОТИ ЭҶОДӢ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА МИРСАЛИМ АШӮРОВ ДАР АЙНИ КАМОЛОТИ ЭҶОДӢ

ДАРГУЗАШТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА МИРСАЛИМ АШӮРОВ ДАР АЙНИ КАМОЛОТИ ЭҶОДӢ
Рӯзи 10 феврали соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд маросими видоъ, намози ҷаноза ва дафни овозхони шинохта Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Мирсалим Ашӯров доир шуд. Мирсалим Ашӯров, ки беш аз 30 сол дар ансамбли машҳури “Шашмақом”-хонони “Нури Хуҷанд” ҳунарнамоӣ кард ва бо хондани таронаҳо дар сабки мусиқии классикии тоҷикӣ шуҳрат дошт, шоми 9 феврал дар синни 58 аз олам чашм пӯшид.
Дар бораи иллати марги овозхони шинохта дар ин син маълумоте дастрас нашудааст, вале яке аз дӯстонаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки Мирсалим Ашӯров муддати тӯлоние мариз буд ва чанд рӯзи охири қабл аз маргаш дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт.
Мирсалим Ашӯров соли 1966 дар деҳаи Зимтӯди ҷамоати Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст, вале солҳои зиёде дар шаҳри Хуҷанд кору зиндаг кардааст. Мирсалим Ашӯроваро аз парвардаҳои мактабҳои бузурги овозхонии устодоне, чун Ҷӯрабек Муродов, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Усто Сироҷ, Баён Облоқулов ва Аслидин Мастонов мешуморанд. Мирсалим Ашӯров бавижа дар хондани таронаҳои шоирони муосир дар сабки мусиқии классикӣ маҳорати тамом дошт ва ба даҳҳо шеъри устоди равоншод Лоиқ Шералӣ ва дигар шоирони тоҷик оҳанг бастааст.
Ҳамкорону мухлисонаш дар айни камолоти эҷодӣ даргузаштани Мирсалим Ашӯровро талафоти сангине барои фарҳанг ва мусиқии тоҷик мешуморанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.