расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШОДОНАИ ПАНҶСОЛА, КИ КИРМИ МАҒЗИ САР АЗОБАШ МЕДОД, ДАР НОВОСИБИРСК ҶАРРОҲӢ ШУД

Асосӣ / Муҳоҷир

ШОДОНАИ ПАНҶСОЛА, КИ КИРМИ МАҒЗИ САР АЗОБАШ МЕДОД, ДАР НОВОСИБИРСК ҶАРРОҲӢ ШУД

ШОДОНАИ ПАНҶСОЛА, КИ КИРМИ МАҒЗИ САР АЗОБАШ МЕДОД, ДАР НОВОСИБИРСК ҶАРРОҲӢ ШУД
Нашрияи ”Комсомольская правда -Новосибирск" дар бораи як ҷарроҳии нодири Шодона Зардаковаи панҷсола аз Тоҷикистон дар бемористони вилоятии Новосибирски Русия хабар дод. Бино ба ин гузориш, ҷарроҳони ҷони Шодонаро, ки дар мағзи сараш як кистаи бузург ба вуҷуд омада буд ва ин духтараки маъсумро аз по афтонда буд, амалан аз марг наҷот доданд. Шодона ва модараш Парвина Зардакова се сол қабл аз Тоҷикистон ба Русия кӯчида, дар инҷо соҳиби шаҳрвандӣ шуданд. Вале ин кӯдак зоҳиран ҳанӯз дар Тоҷикистон ба бемории сироятии эхинококкоз, ки онро кирми эхинококк ҳам меноманд, гирифтор шудааст. 
Ба гуфтаи табибон, одам метвонад ба ин беморӣ тасодуфан гирифтор шавад. Масалан агар ягон вақт сагеро бо даст навозиш кунаду баъди он дастонашро бо собун нашӯяд. Беморӣ аввал боиси ба вуҷуд омадани киста дар ҷигару шуш ва дигар аъзои бадан, ки кирмҳо дар онҳо ҷой мегиранд, мегардад. Дар бадани Шодона ин кирм дар қисмати шуш ва мағзи сар пайдо шуда буд ва ба тадриҷ дасту пои ӯ аз кор баромаданд.
Парвина Зардакова, модари Шодона Никита Манко, хабарнигори ”Комсомольская правда -Новосибирск" гуфт: “Ман 4 писару як духтар дорам. Аввал нафаҳмидам, ки ӯ гирифтори эхинококкоз шудааст. Дар охири соли 2023 Шодона дучори грипп шуд ва аз дарди даст шикоят мекард. Ҳарорати баданаш ҳам намефаромад. Мо аввал инро аз оқибатҳои грипп фикр кардем. Баъдан ташхисҳои тӯлонӣ сар шуд. Моҳи январ ӯро МРТ карда, дар сараш кистаро пайдо карданд ва танҳо ҳамон вақт диагноҳи дуруст монданд. То рӯзи ҷарроҳӣ Шодона дигар қариб ки роҳ гашта наметавонист, фақат ба пушт хоб буд ва аҳволаш рӯз то рӯз бадтар мешуд”.
Консилиуми табибони бемористони вилоятии Новосибирск ба хулосае расид, ки кӯдакро танҳо ҷарроҳӣ метавонад наҷот диҳад. Ҷарроҳӣ чанд соат давом кард. Ҷарроҳон хеле бо назокат ва бо эҳтиёт кистаи дарозиаш 10 сантиметрро аз даруни косахонаи сари Шодона берун оварданд. Баъди берун кардани киста мағзи сари кӯдак, ки ҷояшро киста хеле танг карда буд, ба ҷои худ баргашт. Ҳоло Шодона алакай роҳ мегардад ва дастонашро ҳам меҷунбонад. Ҳоло табибон машғули бо роҳи ҷарроҳӣ аз дигар аъзои бадани вай дур кардани кирмҳои боқимондаанд, вале ин ҷарроҳӣ назар ба ҷарроҳии мағзи сар хеле сабуктаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.