расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ПИЁДАГАРДРО ШАБОНА БО МОШИНАШ ЗАДА КУШТУ ФИРОР КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ПИЁДАГАРДРО ШАБОНА БО МОШИНАШ ЗАДА КУШТУ ФИРОР КАРД

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ПИЁДАГАРДРО ШАБОНА БО МОШИНАШ ЗАДА КУШТУ ФИРОР КАРД
Шаби 31-уми январи соли 2024, тахминан соати 21:00 ронандаи мошини номаълум, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Панҷи поён дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард - марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур, падари 2 фарзандро пахш намудааст.  Ронанда ба ҷои кумак расонидан ба пиёдагард ноҷавонмардона аз ҷои ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст ва дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  Муайян гардид, ки он садамаи нақлиётии марговарро шаҳрванд Эргашев Валибек Назирович соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоати Ҳалевард тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи “Деу-Нексия”, рақами қайди давлатиаш 9841 НН 03  содир намудааст.
Айни замон ронандаи фирорӣ Валибек Эргашев боздошт ва дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаҳои 212, қисми 2 ва 127, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 127 барои дар хатар монондани шахси ба кумак муҳтоҷ, ки ин амал боиси марги ҷабрдида шудааст, ҳамчун ҷазо то 3 соли зиндон, ва бар асоси қисми дуюми моддаи 212 барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги инсон шудааст, аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.