расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САДАМАИ ЯК ДУХТАРИ 19-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

САДАМАИ ЯК ДУХТАРИ 19-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН

САДАМАИ ЯК ДУХТАРИ 19-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН 
Шаби 3 феврали соли 2024 бар асари садамаи се мошин дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия 4 нафар, аз ҷумла 3 зодаи Тоҷикистон, бо шумули як кӯдаки дусола ҷароҳат бардоштаанд. БДА (ГАИ)-и шаҳри Қазон  дар Телеграм-каналаш як духтари 19-сола аз Тоҷикистон, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай Солярис”- гунаҳкори ин садама мешуморад. Гуфта мешавад, ин духтар тоза рӯзи 1 феврал аз Тоҷикистон ба Қазон омада, алакай баъди ду рӯзи омаданаш дучори садама шудааст.
БДА Қазон дар гузоришаш гуфт: “Шаби 3 феврали соли 2024 , соати 21.50, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, як духтари 19-солаи зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза рӯзи 1 феврал вориди қаламрави Русия шудааст, ҳангоми рондани мошини тамғааи “Ҳюндай Солярис” дар кӯчаи Муллонур Воҳидов банди 9.2-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Русияро вайрон карда, ба самти муқобили роҳ баромад ва ба мошини тамғаи “Ниссан X Trail”,  таҳти идораи сокини 42-солаи Ҷумҳурии Тотористон бархӯрд. Баъди ин  бархӯрд “Ниссан” аз роҳаш беҷо шуда, ба мошини тамғаи “Мерседес Бенс” таҳти идораи сокини 19-солаи шаҳри Қазон бархӯрдааст”.
Бино ба иттилои БДА Қазон, дар натиҷаи садамаи якбора 3 мошин 4 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Тафсилоти дигари садама нашр нашудааст. Вале дар видеои нашркардаи БДА Қазон дида мешавад, ки садамаи якбора 3 мошин дар як роҳи барфпӯш рух додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.