расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК МЕҲМОН АЗ ДУШАНБЕРО ҒОРАТ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК МЕҲМОН АЗ ДУШАНБЕРО ҒОРАТ КАРДААСТ

СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК МЕҲМОН АЗ ДУШАНБЕРО ҒОРАТ КАРДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз шурӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо иттиҳоми ғоратгарӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия мегӯяд, гумонбаршаванда шоми 26-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод бо роҳи ошкоро ва бо истифода аз зӯроварӣ аз дасти марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 12 Про»-ро, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 365 долларро ташкил медиҳад, тасарруф кардааст.
Сабаби чунин рафтори сокини Зафаробод рӯшан нест, вале акнун ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 248 барои ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.