расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РВКД ДУШАНБЕ НОМ ВА АКСИ МАРДИ ҲАМЛАГАР БА ЯК ЗАНУ ДУХТАРРО НАШР КАРД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

РВКД ДУШАНБЕ НОМ ВА АКСИ МАРДИ ҲАМЛАГАР БА ЯК ЗАНУ ДУХТАРРО НАШР КАРД (ВИДЕО)

РВКД Душанбе рӯзи 22 декабр ном ва акси мардеро, ки ба ҳамла ба як зану як духтар дар гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт айбдор мешавад, нашр кард. Бино ба ин манбаъ, гумонбар Кенҷаев Бахтиёр Баҳруллоевич, санаи таваллудаш 10 августи 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Чилчинор буда, қаблан 3 маротиба барои тасарруфи амволи шаҳрвандон, аз ҷумла соли 2010 тибқи моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ), солҳои 2013 ва 2018 тибқи моддаи 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст. РВКД гуфт, ин мард рӯзи 19 декабр дар гузаргоҳи зеризаминии роҳи эстакадаи Қарияи боло ба як зан ҳамла карда, рӯзи 13 декабр дар  маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти духтари ноболиғ телефони мобилиашро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.

Санҷиши навор: Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад

Санаи 19 декабри соли ҷорӣ як нафар ҷавонзани 30 солаи сокини пойтахт бо пахши навор дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки ҳангоми убур намудани гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи боло як нафар марди ношиноси тахминан 35-40 сола ба ӯ ҳамла намуда, мехост нисбаташ ҳаракату кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад, ки баъди садо баланд намудани ҷавонзан марди ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
  Баъди сар задани ҳодиса ҷавонзани 30 сола ба мақомоти милитсия ҳозир гардида, бо навиштани ариза аз мақомоти корҳои дохилии пойтахт талаб намуд, ки нисбати амалҳои ғайриоқнунии марди ношинос, ки мехост ба у ҳамла намояд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Вобаста ба муайян намудани ҳолатҳои дар муроҷиат ва навор инъикосгардида аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шуда, бо гузашти 1 руз шахсияти марди ҳамлагар муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд, ки ӯ Кенҷаев Бахтиёр Баҳруллоевич, санаи таваллудаш 10 августи 1984, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Чилчинор мебошад, ки қаблан 3 маротиба барои тасарруфи амволи шаҳрвандон, аз ҷумла соли 2010 тибқи моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ), солҳои 2013 ва 2018 тибқи моддаи 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст.
Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 19 декабр, соати 13:50 дақиқа ҳангоми дар гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи боло қарор доштан, аз дасти роҳгузгар, ҷавонзани 30 сола бо роҳи зуроварӣ ҷуздони охиронро ба таври ошкоро кашида гирифтанӣ мешавад, ки бо сабаби доду фарёд бардоштани ҷавонзан боздоштшуда Кенҷаев Бахтиёр кирдорҳои ҷиноякоронаи худро ба охир расонида натавониста, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
  Илова бар ин ҳангоми амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки боздоштшуда Кенҷаев давоми моҳи декабри соли ҷорӣ дар 1 ҳолати дигар низ даст ба ҷинояти ғоратгарӣ задааст. Чунончӣ, санаи 13 декабр бо усули барояш маъмулӣ дар маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти ҷавондухтари ноболиғ як адад телефони мобилии тамғаи «РЕДМӢ», арзишаш 1500 сомониро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Бояд гуфт ки оид ба содиршавии ин ҳолати ҷиноӣ ҷабрдида ба мақомот муроҷиат накарда, танҳо бо роҳҳои тафтишотӣ ошкор карда шудааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои болоӣ айни ҳол нисбати дастгиршуда Кенҷаев Бахтиёр тибқи талаботи моддаҳои 32 қисми 3, 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (суиқасд ба ғоратгарӣ ва ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишот идома дорад.
  Бо истифода аз фурсат Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки ҳар як муроҷиатҳои шаҳврандон ва сабабу ваҷҳҳои дар наворҳо инъкосгардида ба таври таъҷилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи қарорҳои қабулкардашуда тавассути сомонаи мазкур изҳороти расмӣ пахш карда мешавад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
ШАРҲИ РАСМИИ ВКД ДАР БОРАИ БОЗДОШТИ ГУМОНБАРИ ҲАМЛА БА ЯК ЗАНУ ЯК ДУХТАР ДАР ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ (ВИДЕО)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як марди 36-сола аз ҷамоати Деҳқонобод дар канори шаҳри Ҳисор, ки қаблан ду маротиба барои қаллобӣ ва як маротиба барои ғоратгарӣ суд шудааст, бо иттиҳоми ҳамла ба як зану як духтар дастгир шудааст. ВКД гуфт, зи 13 декабр ӯ дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82 телефони “Редми”-и як духтари 17-соларо бо зӯрӣ кашида гирифта, рӯзи 19 декабр бо ҳадафи тасарруфи ҷузвдон (сумка) дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи И.Сомонӣ ба як зани 39-сола ҳамла кардааст.
Видеои ин ҷабрдидаи ахирро ҳамон рӯзи 19 декабр фаъоли тоҷик Зуля Раҳматова нашр кард. Дар видео дида мешуд, ки як зан гирякунон нақл мекунад, ки аз тарафи сафорати Русия ба самти Қарияи боло мерафт ва ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи зеризаминӣ як мард ба вай ҳамла кард. Зан мегуфт, ки аз тарс фарёд бардошт ва он мард ҳам тарсида, фирор кард. Кӯшиши мустақилона бо кумаки раҳгузарон дастгир кардани он мард натиҷа надодааст ва ин зан ба мақомот муроҷиат кардааст.
 Зани ҷабрдида бар ин буд, ки ҳамлагар маняк аст. Вале ВКД гуфт, ки ӯ бо нияти ғоратгарӣ ба ин зану духтар ҳамла кардааст.

Содир гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ аз ҷониби марди қаблан судшуда

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:50-дақиқа, духтари ноболиғи 17-солааш, ҳангоми дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82-юм, кӯчаи Н.Махсуми пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайби болопӯшаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-8”-ро тасаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, ки пеш 3-маротиба бо моддаҳои 248 қисми 2, 247 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаст.
Инчунин номбурда, санаи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар назди роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии пойтахт қарор доштани зани 39-солаи сокини ҳамин ноҳия бо тариқи зуроварӣ ва ошкоро ба ӯ ҳамла намуда, мехостааст ҷувздонашро тасарруф кунад, аммо ба мақсадаш нарасида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Rahmatova Zuly
Потребовалось меньше суток, чтобы задержать предполагаемого преступника.
Женщина опознала мужчину, который накинулся на неё в подземном переходе.
Выяснилось со слов потерпевшей, что не она одна, пострадала от рук злодея.
Будем ждать сводку МВД.
Rahmatova Zuly
Будьте все бдительны!!!
Что творится в нашем городе😔😔😔
Просим органы власти найти предполагаемого преступника и показать его обществу. Тем более на видео камерах он есть😡
Зуличка здравствуйте Предупредите всех женщин девушек чтобы были осторожны.
Я шла со стороны Караболо Российского Посольства спустилась в подземку.
Как спустилась после примерно 5-10 шагов на против меня шёл маньяк Мужчина)) и резко в мою сторону напал на меня. С своими секусульными действами, То есть развратными: действие стал оказывать на мне
Я естественно закричала начала сопротивлений.Он естественно сбежал в сторону новостройки
Дом Искандер Ресторан турецкий
Я за ним побежалая естественно я была в шоке именя тресло. Когда я поднилась навстречу с далека увидела трое мужчин, руками и жестами показала чтобы его задержали и кричала. Эти мужчины сначала поймали его, он притворился что больно, его отпустили эти мужчны.
Зулячон как вы думаете если ФБ опубликуем о сегодняшней случай МВД примет меры?
А то эти наши Право хранительные органы мне ещё рот затыкали
Ну типо молчи мы сами найдем
Сначала я позвонила на горячий номер 21 21 21 Потом с ОВД мне .Я просто плакала и то что говорила не помню.Но я сказала что на меня напал маньяк.
Наши Женщины и Девушки и дети не защищены!!!!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.