расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗ 38 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗ 38 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС ШУДААСТ

БОЗ 38 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС ШУДААСТ
Хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон “Ховаp” шоми 15 январи соли 2024 хабар дод, ки рӯзҳои 10-15 январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар музокироти Бодканд тарафҳо тавонистаанд бо 38 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон, марзи аз ҳама мураккаб ва низоъбарангез дар Осиёи Марказиро, ки дар солҳои охир арсаи чандин муноқишаи хунини мусаллаҳона бо садҳо куштаву захмӣ шудааст, мушаххас кунанд.“Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи кӯтоҳи расмӣ.
Дар бораи ин ки ин 38 километри мувофиқатшуда кадом қитъаҳои баҳсии марзро дар бар мегирад, дар хабар чизе гуфта нашудааст. Аммо рӯзи 12 январи соли 2024 раҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти марзӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар пайи мулоқоти навбатиашон дар шаҳри Бодканди Қирғизистон изҳор доштанд, ки онҳо “вобаста ба самтҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз” ба “қарорҳои муҳим” даст ёфтаанд.
Дар бораи ин ки ин тавофуқот бар асоси чӣ гузаштҳои мушаххасе аз ҷониби ин ду кишвар ба даст омадааст ва марзи ду кишвар дар ин қитъаҳои баҳсӣ  аз кадом хат кашида хоҳад шуд?, на Ятимов ва на Тошиев ягон ҷузъиёт надоданд. Хатти марз дар минтақаҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз аз баҳсбарангезтарин қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.