расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ КОМИЛ САИДОВ БАРОИ БАДРАФТОРӢ ДАР АВТОБУСИ №3

Асосӣ / Ҷомеа

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ КОМИЛ САИДОВ БАРОИ БАДРАФТОРӢ ДАР АВТОБУСИ №3

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ КОМИЛ САИДОВ БАРОИ БАДРАФТОРӢ ДАР АВТОБУСИ №3
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 9 январи соли 2024 хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, барои вайрон намудани тартибот дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрванд Саидов Комил Анварович, санаи таваллудаш 10.02.1979 дастгир карда шуд. 
Дар навор дида мешуд, санаи 8-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 16:10 дақиқа ҳангоми дар дохили Автобуси хатсайри №3 қарор доштанаш, як марди зоҳиран сархуш бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. Худи Саидов барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия мегӯяд, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамзамон дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, бо ин амалу рафтори худ табъи дигар мусофиронро хира намуда, боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст”.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба дастгиршуда Саидов Комил тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ нисбат ба вай ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.