расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НАХУСТИН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЭРОН

Асосӣ / Сиёсат

НАХУСТИН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЭРОН

НАХУСТИН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЭРОН
Рӯзи 8 январи соли 2024 раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Рустами Эмомалиро дар фурудгоҳи “Меҳробод” ӯро намояндагони расмии Ҷумҳурии исломӣ истиқбол гирифтаанд. Дар аксҳои нашркардаи “Ховар” дида мешавад, ки Рустами Эмомалӣ ба Теҳрон бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” сафар кардааст, на бо ҳавопаймои президентӣ, ки соли 2022 бо нархи беш аз 90 миллион доллар аз Мексика хариданд.
Ин нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Эрон аст. Дар бораи барномаи сафари ӯ ва мулоқотҳояш дар Теҳрон дар иттилоияҳои расмӣ ҳанӯз чизе гуфта нашудааст.
Сафари Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар пайи ҳамлаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кирмони он кишвар сурат мегирад. Дар он ҳамлаи рӯзи 3 январ, ки ду маргталаб анҷом доданд ва масъулияташро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, наздики 100 нафар кушта ва беш аз 280 тани дигар маҷруҳ шуданд. Ахиран вазорати иттилооти Эрон, ки умури амнияти Ҷумҳурии исломиро дар даст дорад, эълон кард, ки яке аз маргталабон шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Рустами Эмомалӣ рӯзи 4 январ дар робита ба ҳамлаи Кирмон ба раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи таслият ирсол карда буд, ки дар он чунин гуфта мешуд: “Дар робита бо ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон ба Шумо ва кулли мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям. Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.