расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АВВАЛИН ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ СОЛИ 2024: ТАЪЙИНИ ДУ МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Асосӣ / Сиёсат

АВВАЛИН ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ СОЛИ 2024: ТАЪЙИНИ ДУ МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

АВВАЛИН ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ СОЛИ 2024: ТАЪЙИНИ ДУ МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 январи соли 2024 бо имзои як фармон ва ду қарори ҳукумат нахустин тағйироти кадрӣ дар ҳукуматаш дар соли ҷориро ба амал баровард.
Бо фармони президент аз 5 январи соли 2024 Исматулло Насреддин “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафари Тоҷикистон дар Покистон ва Бангладеш озод карда шуда, билофосила бо қарори ҳукумат муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Ин вазифа аз замони ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйини шудани Низомиддин Зоҳидӣ холӣ буд.
Исматулло Насреддин, писари як узви дар гузашта баландпояи ҳукумати Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов, қабл аз Исломобод дар Вена, пойтахти Австрия сафир буд.
 Бо қарори дигари ҳукумат аз 5 январ Шарифзода Фаррух Ҳомиддин низ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Фаррух Шарифзода, ки писари собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов аст, дар гузашта сафири Тоҷикистон дар Туркия ва аз соли 2017 то моҳи майи соли 2023 сафири Тоҷикистон дар Туркманистон буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Prohor | Гости

    Здравствуйте. 2 дня не могу с вами связаться, напишите мне в телеграм пожалуйста @prohorbelevancev

    Здравствуйте. 2 дня не могу с вами связаться, напишите мне в телеграм пожалуйста @prohorbelevancev

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.