расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ба оилаҳои аз садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарардида хона доданд.

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Ба оилаҳои аз садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарардида хона доданд.

Дирӯз, 4-уми январ, ба оилаҳои аз садамаи мудҳиши нақлиётӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб калиди хонаҳои нав, ки аз ҳисоби ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва масоҷиди ҷомеъ сохта шуданд, тақдим гардид. Дар ин бора Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, калиди хонаҳои навро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба нафарони хонаҳояшон аз садамаи мудҳиши нақлиётӣ харобгардида супориданд.
“Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётии дар шаҳри Кӯлоб рухдода, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори “Сомониён”-и шаҳр тибқи талаботҳои қонунгузории Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд”, - зик мекунад сухангӯи раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои ӯ, як хонаро ҳукумати вилояти Хатлон, як хонаро ҳукумати шаҳри Кӯлоб, як хонаро Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд карданд ва як хонаи дигар аз ҳисоб маблағҳои аз масҷидҳои ҷомеъ ҷамъомада сохта шуд.
Хонаи сохтаи ҳукумати вилояти Хатлон ба оилаи Ёров Сафармад, хонаи сохтаи ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба оилаи Ёров Ҷумахон, хонаи сохтаи масҷидҳои ҷомеъ ба оилаи Ёров Шамсулло ва хонаи сохтаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба оилаи Ҷононова Қурбонбӣ супорида шуданд.
Хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд. Майдони умумии манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, масоҳати умумии сохтмони онҳо 71,3 м2-ро ташкил медиҳанд”, - гуфт Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни сӯҳбат бо сокинони зарардида гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлӯи шаҳрвандонаш ҳастанд”.
Дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6-уми августи соли 2023 дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, 13 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” ҳамон шабу рӯз ба ҷои воқеа рафт ва бо сокинону соебдидагони ин садамаи фоҷеабор ҳамсӯҳбат шуда, гузориши муфассал таҳия карда буд. Он вақт осебдидагон гуфта буданд, “мотам дорем ва дар хонаи ҳамсоя шабро рӯз мекунем”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.