расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муборизаи якҷояи Тоҷикистону Русия барои истифодаи нодурусти интернету алоқа.

Асосӣ / Сиёсат

Муборизаи якҷояи Тоҷикистону Русия барои истифодаи нодурусти интернету алоқа.

Тоҷикистону Русия бароои истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК), мисли халалдор сохтани амният, тамомияти арзӣ, таблиғи терроризму эксртимизм, ҳамла ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар якҷоягӣ мубориза мебаранд.
Созишномаи ҳамкориро байни ду кишвар вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр тасвиб карданд.
Маҳмад Меликзода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи созишнома  дар ҳузури вакилони парлумон гуфтааст, санади мазкур “ҳамкории мақомоти салоҳиятдори тарафҳоро дар самти ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдидҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ, пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркарду роҳандозии чораҳои зарурии муштараки мусоидаткунанда ба таъмини амнияти иттилоотӣ... ба танзим медарорад”.
Ӯ афзудааст, пешрафти ТИК дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфӣ ҳам дорад, ки яке аз онҳо ҷалби ҷавонон ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ тавассути интернет мебошад
Ҳуснигул Одиназода, вакили парлумон бо дастгирӣ аз тасдиқи ин созишнома гуфтааст, ки созишнома “дар асоси эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ки ба расонидани зарар ба манфиати тарафи сеюм нигаронида нашудааст, дар доираи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №73/27 аз 5 – уми декабри соли 2018 ба имзо расидааст”.
Бояд гуфт, ки созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ рӯзи 19 -уми июни соли 2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.