расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРВОЗАБОН РУСТАМ ЯТИМОВ БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023 ЭЪТИРОФ ШУД

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

ДАРВОЗАБОН РУСТАМ ЯТИМОВ БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023 ЭЪТИРОФ ШУД

ДАРВОЗАБОН РУСТАМ ЯТИМОВ БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023 ЭЪТИРОФ ШУД
 Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи  29-уми декабри соли 2023 дар толори «Кохи Парфенон»-и Душанбе маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷоизаи беҳтарин бозигари солро нахустин бор дарвозабони 25-солаи «Истиклол»-и Душанбе ва тими миллии кишвар Рустам Ятимов моли худ кард. Дар баробари Рустам Ятимов Алишер Ҷалилов аз “Истиқлол” ва Холмурод Назаров аз “Равшан” низ муддаии унвони беҳтарин футболбози соли 2023 буданд. Рустам Ятимов ҳамзамон беҳтарин дарвозабони мавсим эълон гардид. Рустам Ятимов, ки дар Русия ба воя расидааст, вале ҳунарнамоӣ таҳти парчами Ватанаш, Тоҷикистонро афзал донист, чанде пеш гаронбаҳотарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ низ эътироф шуда буд. 
Холмурод Назаров аз бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб беҳтарин ҳимоятгар, Амадонӣ Камоловв ва Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз “Истиқлол) беҳтарин нимҳимоятгар ва ҳамлагари сол эътироф гардида, ҷоизаи беҳтарин мурраббии сол низ насиби Игор Черевченко, сармураббии ҳамакнун собиқи “Истиқлол” гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини солро ҳам ҳамлагари “Истиқлол” Алишер Ҷалилов бо 13 тӯб ба даст овард. 
Евгений Гритсенко аз “Равшан” беҳтарин легионер ва Муҳаммад Назриев аз дастаи ҷавонони “Истиқлол” беҳтарин бозигар байни дастаҳои ҷавонон шинохта шуда, Илҳомҷон Бааротов аз “Истаравшан” беҳтарин бозигари лигаи якум ва Шоҳин Боев аз дастаи “Моҳир”  бо 33 тӯб беҳтарин нишонзани лигаи якум дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин мураббии лигаи якумро Боир Игамбердиев аз “Панҷшер” ва беҳтарин мураббии байни дастаҳои ҷавононро Шамсиддин Қосимов, сармураббии КМВА ба даст оварданд. Рустам Давлатов бо 25 гол беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон гардид.
Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе беҳтарин довари сол шинохта шуд.
Ҳамчунин Тоҳирҷон Мӯъминов аз “Равшан” ва Манучеҳр Ҷалилов аз “Истиқлол”, ки ин шабу рӯз бо бемории саратон мубориза мебарад, бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.