расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Ҳисобот”-и Хадамоти алоқа дар бораи интернет ба парлумон. Вакилон қонеъ нашуданд.

Асосӣ / Сиёсат / Иқтисодиёт

“Ҳисобот”-и Хадамоти алоқа дар бораи интернет ба парлумон. Вакилон қонеъ нашуданд.

Ҳисоботи муовини раиси Хадамоти алоқа вакилонро қонеъ накардааст ва суолҳоеро боқӣ гузоштааст.Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, ки ҷаласа зери роҳбарии ӯ гузаштааст, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аксари вакилон аз ҳисоботи роҳбарияти Хадамоти алоқа оид ба беҳтар кардани сифат ва поин овардани нархи интернет қонеъ нашуданд.Номбурда афзуд, аз натиҷаи ҷаласа ва нукоте, ки боиси норозигии вакилон гардидааст, рӯзҳои наздик ба роҳбарияти Хадамоти алоқа мактуби расмӣ ирсол хоҳанд кард.
Аммо аз таҳия ва қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқа" дар таҳрири нав вакилони парлумон истиқбол карда, гуфтаанд, он барои беҳтар шудани сифати интернет ва поин кардани нархи он заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.
Бояд зикр кард, ки мушкили интернет дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки мавриди баҳс аст. Таъкиди раиси ҷумҳури кишвар зимни паём ба парлумон дар соли гузашта ва интиқодаш аз суръату сифати интернет ин баҳсро тамоми сол гарм нигоҳ дошт.
Масъулини Хадамоти алоқа гуфтанд, аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода, якҷо бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи мушаххаси рушд таҳия кардааст.Зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти алоқа дар нимсолаи аввали соли 2023 зикр карда шуд, ки Бег Сабур, сардори ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи фарогирии интернет дар манотиқи баландкӯҳ ба Мурғоб рафтааст ва тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 пойгоҳ барои интернети 4G вориди Тоҷикистон шавад. Ваъда доданд, ки дар ояндаи наздик нархи интернет низ поин оварда мешавад.
Шуруъ аз моҳи октябр хабарҳо дар бораи беҳтар кардани интернет зиёд шуд. Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрда, нигаронии худро аз нарху сифати интернет иброз дошт ва барои шинос шудан бо вазъи интернет ба минтақҳо рафт.Ҳамчунин, баъди 8 сол ба ду ширкат - ҶСП “ТТ Мобайл” (МегаФон Тоҷикистон) ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Tcell) то соли 2027 барои интиқоли интернет ба Тоҷикистон иҷозатнома дод. То ин замон танҳо “Тоҷиктелеком”, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа иҷозаи ворид ва фурӯши интернетро дошт.
Вале аҳолӣ ҳамоно аз сифати инетернет шикоят доранд. Дар радабандии “Speedtest Global Index” ҳам аз рӯи суръати интернети ноқилӣ ва мобилӣ, бо назардошти маълумоти моҳи август ва ноябри соли 2023, Тоҷикистон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 9.61 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.71 Мб/с. дар ҷойи 139-ум (байни 145 кишвари ҷаҳон) аст. Суръати интернети мобилӣ дар кишвар 9,35 Мбит/с будааст, ки дар як радиф бо Куба, Яман, Сурия ва Афғонистон қарор дорад.
Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ дар байни 181 кишвари ҷаҳон бо суръати миёнаи зеркашӣ 90,21 Мб/с ва боргузорӣ 41,18 Мб/с дар ҷои 125-ум қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.