расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 6 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 4 САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ

Асосӣ / Ҷомеа

6 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 4 САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ

6 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 4 САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар 4 садамаи рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои ҷумҳурӣ дастикам 6 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ҷумла шоми 22 декабри соли 2023 дар ноҳияи Кӯшониён дар натиҷа ба дарё чаппа шудани мошини  “Опел-Астра” се мусофири ин мошин ҷон бохтаанд. Рӯзи 23 декабр бошад дар асари бархӯрди се мошини “Мерседес”, “Ҳундай-Старекс” ва “Опел-Астра” дар ноҳияи Рӯдакӣ як зани мусофири “Старекс” ба ҳалокат расида, се мусофири дигари ин мошинҳо ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамин тавр,  як ронанда бар асари чаппа шудани мошинаш дар роҳи Душанбе Хуҷанд ва як марди шастсолаи пиёдагард дар ноҳияи Ғафуров зери чархи мошини роҳгузари “Опел” ҷон додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.