расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВСТРИЯ ВА ОЛМОН БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВСТРИЯ ВА ОЛМОН БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВСТРИЯ ВА ОЛМОН БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ
Нирӯҳои амниятӣ ва пулиси Олмон, Австрия ва Испания рӯзи 23 декабри соли 2023 чанд нафарро бо гумони тайёрӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Кёлни Олмон, Вена ва Мадрид, пойтахтҳои Австрия ва Испания дастгир карданд. Бино ба хабарҳо, чанд нафар дар минтақаи Оттакринги шаҳри Вена ва як нафари дигар дар устони Саар дар марзи Олмон бо Фаронсаву Люксембург боздошт шудаанд. Матбуоти Олмон хабар дод, ки ин афрод қасд доштаанд, ки ҳамлаҳои террористиро дар рӯзҳои Мавлуди Масеҳ ва Соли нав анҷом диҳанд. Нашрияи олмонии  Bild am Sonntag бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дастгиршудаҳо ҳама зодагони Тоҷикистон буда, ҳамлаҳои худро мехостанд аз номи "ДОИШ- Хуросон", яке аз шуъбаҳои созмони террористии ДОИШ, ки асосан дар Афғонистону Покистон амал мекунад, анҷом диҳанд. Ба иттилои “Билд”, он зодаи Тоҷикистон, ки дар Олмон дастгир шуд, аз қабл ба мақомот ҳамчун ифротгаро маълум буд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ӯ ба нақшаи амалҳои террористӣ даст дорад ё на?
Қаблан пойгоҳи хабарии олмонии Focus-online  хабар дод, ки калисои ҷомеи Кёлнро бо ҷалби сагони бӯгир тафтиш кардаанд, вале маводи тарканда пайдо накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон гуфт, хатари ин тоҷикҳои доишӣ як каме аз будаш бузургтар нишон дода мешавад: “Тоҷикҳои узви ДОИШ баъди саркӯб шудани ин гуруҳ дар Сурияву Ироқ аксаран ба Украина паноҳ бурда буданд. Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина, инҳо бо истифода аз фурсат ба суррати оммавӣ ба Аврупо омаданд. Вале фикр накунам, ки инҳо хатари ҷиддӣ дошта бошанд. Аз ҳад зиёд мелақанд, вале дар асл чизе аз дасташон намеояд. Инҳо аксаран ҷавонони роҳгумкардаеянд, ки намедонанд, худро ба кадом соҳил бизананд”.
Ӯ аз парвандаи пурсарусадои 5 тоҷике ёдовар шуд, ки ду сол пеш дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон низ бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд. Ба иттилои ҳамсуҳбати “Бомдод”, ин парванда дар ниҳоят пош хӯрд ва ба ҷуз аз ду раҳбари он гуруҳ бақия ҳукмҳои сабук гирифта, хеле зуд аз Олмон ба Тоҷикистон депортатсия карда шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.