расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОДГОҲИ ӮЗБЕКИСТОН ҲОМИИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКОНИ САМАРҚАНД АМИНА ШАРОФИДДИНОВАРО 23 МИЛЛИОН СӮМ ҶАРИМА БАСТ

Асосӣ / Ҷаҳон

ДОДГОҲИ ӮЗБЕКИСТОН ҲОМИИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКОНИ САМАРҚАНД АМИНА ШАРОФИДДИНОВАРО 23 МИЛЛИОН СӮМ ҶАРИМА БАСТ

ДОДГОҲИ ӮЗБЕКИСТОН ҲОМИИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКОНИ САМАРҚАНД АМИНА ШАРОФИДДИНОВАРО 23 МИЛЛИОН СӮМ ҶАРИМА БАСТ 
Додгоҳи  парвандаҳои ҷиноятии ноҳияи Самарқанди Ӯзбекистон рӯзи 22 декабри соли 2023 Амина Шарофиддинова, омӯзгор, муҳаққиқ ва фаъоли тоҷики муқими Самарқандро, ки барои ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд мубориза мебарад, ба маблағи 23 миллион сӯм (баробари тақрибан 1850 доллар) ҷарима баст. Тавре ки худи Амина Шарофиддинова билофосила баъди мурофиаи додгоҳӣ дар як видео хабар дод, ки додгоҳ ин ҳоисии ҳуқуқро бар асоси моддаи 184, иловаи 4 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Ӯзбекистон дар таҳия, нигоҳдорӣ ё паҳн кардани маводе, ки низои миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ваё диниро тарғиб мекунанд, гунаҳкор шинохта, ба маблағи баробари 80 маоши ҳадди ақал ҷарима бастааст. 80 маоши ҳадди ақал дар Ӯзбекистон тибқи қурби имрӯза чизе бештар аз 23 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Амина Шарофиддинова мегӯяд,  ӯ то ҳол намедонад, ки ӯро барои чӣ ҷазо додаанд? Аммо ӯ ба онҳое, ки ба нишони ҳимоят аз ӯ ба додгоҳ омаданд, изҳори сипос кард: “Маро барои кадом як суханонам, ки гӯё мухолифи сиёсат ва идеологияи ҳукумат будаанд, ҷазо доданд. Вале ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ кори хато кардаам? Ман гуфта наметавонам, ки фармоишгари ин парванда ба зидди ман кӣ буд ва кӣ аз ҷазо додани ман хеле хурсанд шуд? Вале ман дар додгоҳ ҳис кардам, ки одамоне будаанд, ки қалбашон барои адолат метапад ва онҳо барои қонуният мубориза мебаранд. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар инҷо дар “меҳмонӣ” будани маро фаҳмида, барои ҳимоятам ба додгоҳ омаданд. Инҷо мардуми зиёде омада буд ва онҳо нафақат барои ҳимоят аз ман, балки барои ҳимоят аз ҳамаи мо ва барои ҳимоят аз муборизаи мо инҷо омада буданд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.