расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОРИ АВВАЛ ЯК ТОҶИК НОМЗАДИАШРО БА ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО ПЕШБАРӢ КАРДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

БОРИ АВВАЛ ЯК ТОҶИК НОМЗАДИАШРО БА ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО ПЕШБАРӢ КАРДААСТ

БОРИ АВВАЛ ЯК ТОҶИК НОМЗАДИАШРО БА ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО ПЕШБАРӢ КАРДААСТ
Дилшод Бурҳонов, ки 42 сол дорад ва зодаи Исфараи Тоҷикистон аст, худро ба сифати номзади мустақил ба президентии Амрико пешбарӣ кардааст. Ҳарчанд интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида моҳи ноябри соли 2024 доир мешавад, вале аз ҳоло довталабони зиёде корзори худро сар кардаанд. Аз ҷумла муҳоҷири тоҷик ҳуқуқдон Дилшод Бурҳонов, тибқи шиори барномаи пешазинтихоботиаш,  барои он вориди ин корзор шудааст, ки “Амрикоро ба сӯи боз ҳам беҳтар тағйир диҳад”. Дар барномаи пешазинтихоботиаш Дилшод Бурҳонов аз байн бурдани монополияҳо ва танзими нархи захираҳои табиӣ ва газро талаб гузошта, ҳамчунин бо мақсади беҳтар кардани пуштибонии молиявии мардум хостори 50% боло бурдани сатҳи ҳадди ақали зист шудааст. Бурҳонов ҳамчунин тарафдори ҳатмӣ гардондани варзиш барои хонандагони мактабҳо ва таблиғи тарзи солими зиндагӣ дар байни ҷавонон буда, дар айни замон мехоҳад, ки таблиғи ҳамҷинсгароӣ (ЛГБТК+) дар мактабҳо қатъ карда шавад. 
Албатта, шонси сабти ном шудани Дилшод Бурҳонов чандон зиёд нест. Пеш аз ҳама ба ин далел, ки тибқи қонун, танҳо оне, ки дар Амрико ба дунё омадааст, метавонад президенти Амрико шавад. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки ҳарчанд ҳар дафъа ба интихоботи президентии Амрико даҳҳо нафар номзадии худро пешбарӣ мекунанд, ба таври суннатӣ мубориза барои ин мақом байни номзадҳо аз ду ҳизби асосии ҷумҳурихоҳ ва демократ доир мешавад ва маъмулан номзадҳо аз ҳамин ду ҳизб бо навбат президент мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.