расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Гутерреш моддаи 99-и маншури СММ-ро фаъол кард. Исроил хостори истеъфои ӯ шуд

Асосӣ / Ҷаҳон

Гутерреш моддаи 99-и маншури СММ-ро фаъол кард. Исроил хостори истеъфои ӯ шуд

Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ.
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як иқдоми бесобиқа ва барои зери фишор қарор додани Шӯрои Амният ба ҳадафи барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза, моддаи 99-и  фармон ё маншури ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳиро фаъол кард.
 Ин амалкарди дабири кулли СММ хашми Исроилро барангехт.Оқои Гутерреш дар сафҳаи худ дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, аз замони ба фаъолият оғоз кардан ба унвони дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ин барои бори аввал аст, ки аз моддаи 99 истифода кардааст.
Моддаи 99-и маншури ҷаҳонии СММ ба дабири кулли ин созмон иҷоза медиҳад, ки дар ҳолати ба хатар рӯбарӯ будани "амният ва сулҳи ҷаҳонӣ", аъзои Шӯрои Амниятро ба ҷаласаи фаврӣ даъват кунад.
Дабири кулли СММ навишт, "бо таваҷҷуҳ ба хатари аз кор афтодани системаҳои кӯмакрасонии инсондӯстона дар Ғазза, аз Шӯрои Амният мехоҳам як оташбаси инсондӯстонаро фавран эълон кунад".
Гилад Эрдан, сафири Исроил дар СММ дар вокуниш ба ин иқдоми Антонио Гутерриш, хостори истеъфои ӯ шуд. Ӯ дар шабакаи Х ин иқдоми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро маҳкум кард ва навишт, "имрӯз дабири кулли СММ ба сатҳи поинтарини ахлоқии наве расидааст".
Вай афзуд, "дабири кулли СММ тасмим гирифт ин моддаро, ки хеле кам аз он истифода мешавад, танҳо замоне фаъол кунад, ки битавонад бар Исроил, ки бо террористҳои Ҳамос мубориза мекунад, фишор биёварад".
Оқои Эрдан ҳамчунин навишт, "дархости дабири кулли СММ барои оташбас дақиқан ба маънои идомаи ҳукумати Ҳамос дар Ғазза аст. Ӯ ба ҷойи инки ошкоро ба масъулияти Ҳамос дар баробари ин вазъият ишора кунад ва аз раҳбарони ин террористҳо бихоҳад, ки худро таслим кунанд ва гаравгонҳоро баргардонанд то ҷанг хотима ёбад, тасмим гирифтааст, ки ҳамчунон бозичаи дасти Ҳамос бошад".
Танишҳои лафзии мақомоти исроилӣ бо дабири кулли СММ дар ҳолест, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пешнависи қатъномаро, ки дархости оташбаси инсондӯстона дар Ғазза мекунад, ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард. Намояндагии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар СММ дар баёнияе гуфт, "шароити фоҷеабор аст ва тақрибан ба нуқтаи ғайри қобили бозгашт расидааст".
Ин баёния меафзояд, "мо наметавонем сабр кунем. Шӯрои Амният бояд қотеъона вориди амал шавад ва хостори оташбаси инсондӯстона бишавад".
Ин иқдом пас аз он анҷом шуд, ки Антони Гутерриш, дабири кулли СММ дар иқдоме камсобиқа ва барои зери фишор қарор додани Шӯрои Амният ба ҳадафи барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза, моддаи 99-и маншури ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳиро фаъол кард.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯяд, ки ин пешнависи қатънома мавриди ҳимояти кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ аст, ки панҷоҳу ҳафт кишвар узви он ҳастанд.
Ғазза ду моҳ мешавад, ки дар оташи ҷанг месӯзад. Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла кард, 1200 нафарро кушт ва беш аз 240 тани дигарро бо худ ба Ғазза бурд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар ду моҳи гузашта беш аз 16 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.





Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.