расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР СУҒД БА ЗИДДИ МУАЛЛИМА БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ХОНАНДАИ СИНФИ 8 ПАРВАНДА КУШОДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР СУҒД БА ЗИДДИ МУАЛЛИМА БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ХОНАНДАИ СИНФИ 8 ПАРВАНДА КУШОДААНД

ДАР СУҒД БА ЗИДДИ МУАЛЛИМА БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ХОНАНДАИ СИНФИ 8 ПАРВАНДА КУШОДААНД
Канали “Парвиз ТВ” вокуниши расмии мақомот ба видеои нашршуда дар ин канал дар бораи латтукӯби як хонандаи мактаб аз ҷониби омӯзгорро нашр кард, ки дар он чунин гуфта мешавад:
“Ба Шумо маълум менамоем, дар натиҷаи санҷиши дастгоҳи прокуратураи вилояти Суғд муайян шудааст, ки тахминан моҳи апрели соли 2023 омӯзгори фанни забон ва адабиёти узбеки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 57 ноҳияи Б.Ғафуров Эронова М. бинобар аз тарафи хонандаи синфи 8 ҳамин мактаб Қорабеков А. омода набудан ба дарс, охиронро ба назди таҳтаи синф гузошта, ӯҳдадориҳои худро оид ба тарбияи ноболиғ ҳамчун омӯзгор номатлуб иҷро карда, номбурдаро бераҳмона бо дастонаш ба сару рӯяш лату кӯб кардааст. Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи прокуратураи вилояти Суғд нисбати Эронова М. санаи 04.12.2023 сол бо аломатҳои дар моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Моддаи 174 барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё омӯзгор, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.