расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд

Асосӣ / Ҷаҳон

То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд

Тал Ҳейнрих, сухангӯи нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз ба BBC гуфтааст, ки Исроил номи гаравгонҳоеро гирифтааст, ки аз Ғазза раҳо хоҳанд шуд.
“Мо рӯйхатро гирифтем ва хонаводаҳои афроди дар ин рӯйхат буда ва хонаводаҳои дигари гаравгонҳоро, ки ҳоло дар навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд, огоҳ мекунем”, -  гуфтааст Ҳейнрих.
Ба гуфтаи ӯ, Исроил “мехоҳад ин усулро тамдид кунад, зеро дирӯз татбиқ шуда буд” ва “барои ҳар 10 гаравгони изофии исроилӣ, ки Ҳамос озод мекунад, мо ба як рӯзи дигар таваққуфи башардӯстона дар ҷанг розӣ хоҳем шуд”.
Агар ин раванд идома ёбад, ин шашумин гурӯҳи гаравгонҳоест, ки шурӯъ аз замони қатъ шудани даргириҳо дар ҳафтаи гузашта аз навори Ғазза раҳо мешаванд.
Гуфта мешавад то имрӯз Ҳамос 81 гаравгонро озод кардааст.
Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, Исроил дар маҷмӯъ 180 зиндонии фаластиниро раҳо кардааст.
Пол Адамс, хабарнигори BBC дар Байтулмуқаддас гуфтааст, ки эҳтимоли тамдиди оташбас барои 48 соати дигар вуҷуд дорад.  Бояд гуфт, ки рӯзи 28 ноябр Исроил ва Ҳамос тавофуқ карданд, ки оташбаси чаҳоррӯзаро барои ду рӯзи дигар тамдид кунанд.  Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаҳои Ҳамос рӯзи 7-умиоктябр ба Исроил 1200 нафар кушта ва ҳудуди 240 нафар гаравгон гирифта шуданд.  Масъулини беҳдошти Ғазза гуфтааст, ки аз 7-уми октябр дар ҷараёни амалиёти ҷавобии Исроил беш аз 14 500 нафар кушта шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.